Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / Нозим Ҳикмат Ран

Нозим Ҳикмат Ран

Нозим Ҳикмат Ран (Nazim Hikmet Ran; 20. 01. 1902, Салоники — 3.6. 1963, Москва), шоир, нависанда ва ходими ҷамъиятии турк. Асосгузори назми револютсонии Туркия. Аз оилаи ашроф. Нозим ҲИКМАТ иштирокчии фаъоли харакати озодихоҳии           миллии Туркия (1918—1922). Асарҳояш аз соли 1917 нашр шудаанд. Соли 1920 аз Истанбули забтшуда ба Анатолия омад. Дар он ҷо ҷанги миллию озодихоҳӣ мерафт. Соли 1921 ба мамлакати советӣ омада, дар Университети коммунистии меҳнаткашони Шарқ таҳсил кард ва ба сафи РКП (б) дохил шуд (1922). Соли 1924 ба Туркия баргашта, ба сафи Партияи Коммунистии Туркия даромад. Дар газета ва журналҳои револютсионӣ ҳамкорӣ намуд. Соли 1927 ба сабаби авҷ гирифтани таъқибот боз ба Иттифоқи Со­ветӣ омад. Аввалин маҷм, ашъораш «Таронаи нӯшандагони офтоб» (1928) дар Боку нашр шудааст.

Дар ашъо­ри индавраинаи Нозим Ҳикмат шаклпарастӣ ба назар мерасад. Соли 1928 боз ба Туркия баргашт. Дар маҷм, шеърҳои «835 сатр» (1929), «Варан-3» (1930), «1 + 1 = 1» (1930) ва «Шаҳри овозгумкарда» (1931) империализмро фош ва халқи Туркияро ба мубориза даъват карда, револютсияро васф менамояд. Достони «Чоконда ва Си-Я-у» (1929) ва романи манзуми «Барои чӣ Бенерҷӣ худро ҳалок сохт?» (1932) ба муқобили сиёсати мустамликадорин империалистов равона шудаанд. Дар песаҳои «Косахонаи сар» (1932), «Хонаи марҳум» (1932), «Одами фаромушшуда» (1935) тақдири шахс дар ҷамъияти капиталистӣ инъикос ёфтааст. Барои маҷм., шеърҳои «Телеграммаи шабомада» (1932), ки дар он коммунистони Туркияро ба муборизаи собитқадамона дар роҳи демо­кратия даъват намудааст, ба ҳабси панҷсола маҳкум гардид (баъди як сол бо афви умум озод шуд). Пас аз ин қариб баъди нашри ҳар як асараш ба ҳабс гирифта мешуд. Дар маҷм. «Портретҳо» (1935), достони «Мактубҳо ба Таранта Бабу» (1935) ва асари публитсистии «Фашизми немис ва назарияи нажод» (1936)

фашизм ва тарафдорони дар Туркия будаи онро мазаммат намудааст. «Достони дар бораи шайх Бадруддиини Шимавнӣ» ва ҳамчун илова ба ин китоб «Ифтихори миллӣ», ки дар асл тарҷумаи асари В. И. Ленин «Дар бораи ифтихори миллии великоросҳо» аст, асарҳои охирине буданд, ки соли 1936 дар Туркия ба табъ расидаанд. Соли 1938 ба муддати 28 сол ба ҳабс ҳукм шуд. Умуман, 17 соли умри Нозим Ҳикмат дар маҳбасҳои Тур­кия гузашт. Эпопеяи «Манзараҳои ҳаёти инсон», маҷм. шеърҳои «Мак­тубҳо аз маҳбас», песаҳои «Афсонаи ишқ», «Юсуф ва Зулайҳо» дар ҳабсхона навишта шудаанд. Соли 1950, ҳукумати Туркия зери фишори афкори ҷамъиятии ҷаҳон ӯро аз ҳабс озод кард.

Соли 1951 ба СССР, ки ватани дуюмини ӯ буд, омад. Дар ин ҷо ӯ песаҳои «Ҳикояҳои доир ба Тур­кия» (1952), «Шахси аҷиб» (1955), «Оё Иван Иванович вуҷуд дошт?»-ро (1956) навишт. Таъсири Нозим Ҳикмат дар назми муосири Туркия зиёдбуда, бо номи ӯ як равияи томи адабӣ вобастааст. Шеърҳои ӯ ба бисёр забонҳои ҷаҳон тарҷума гардида, песаҳояш дар театрҳои чандин мамлакатҳо намоиш дода мешаванд. Аъзои Бюро (аз соли 1951) ва президиуми (аз 1952) Совети Умумиҷаҳонии Сулҳ, лауреат Мукофоти байвалхалқии Сулҳ (1950). Ба забони тоҷикӣ романҳои «Романтика» (1966) ва «Шаби арафаи зилзила» (1963), маҷм. ҳикояҳои «Чанд ҳикоя» (1967), маҷм. «Шеърҳо» (1954—1968) ва маҷм. афсонаҳои «Абри ошқ» (1972) ва ғайра тарҷума шудаанд.

Ад.: Бабаев А. А., Назым Хикмет, М., 1957; Фиш Р. Г., Назым Хикмет, М., 1968; Горбаткина Г. А., Пьесы- легенды Наэыма Хикмета, М.. 1967.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …