Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / Ниёзмуҳаммадов Бобоҷон Ниёзович

Ниёзмуҳаммадов Бобоҷон Ниёзович

Ниёзмуҳаммадов Бобоҷон Ниёзович (05. 05. 1906, деҳаи Фирӯзобаи pайони Конибо дом — 25. 10. 1979, Ду­шанбе), забоншиноси советии тоҷик, доктори илмҳои филология  (1948), профессори (1952), академияи АФ РСС Тоҷикистон (1951), Ходими Хизматнишондодаи Илми РСС Тоҷикистон (1964).

Аз оилаи кафшдӯз. Аъзои КПСС аз соли 1931. Иститути муаллимон Тошкентро хатм кардааст (1929). Солҳои 1929—1932 дар зодгодаш муаллимӣ кардааст. Пас аз хатми аспирантура (1932—1938)—мудири сектори таъриху забоншиносии Базаи тоҷикистонии АФ СССР (1938—1941), директори Институти таърих, забон ва адабиёти Филиали тоҷикистонии АФ СССР (1941—1944). Сипас таҳсил дар докторантура (1944—1948). Минбаъд ҷонишини раиси Президиуми Филиали тоҷикистонии АФ СССР (1948—1951), ноиби президенти АФ РСС Тоҷикистон (1951—1953), академик котиби Шӯъбаи фанҳои ҷамъиятии АФ РСС Тоҷикистон (1953—1962), мудири сектори забони Институти за­бон ва адабиёти ба номи Рудакии АФ Тоҷикистон (1958—1976). Аз соли 1976 ба нафақа баромад. Ниёзмуҳаммад муаллифи мақолаву китобҳои бисёрест. Дар мақолаҳои «Шеваи тоҷикони Шаҳртуз» (1960), «Шеваи тоҷикони Конибодом» (1961) хусусиятҳои ин ду шеваи тоҷикиро таҳқиқ карда­аст. Дар тадқиқоти ӯ «Синтаксиси ҷумлаҳои содда дар забони адабии тоҷик» (1960) воситаҳои асосии муносибатҳои синтаксисӣ, тарз ва роҳҳои асосии алоқаи калимаҳо, аъзоҳои ҷумла ва калимаву ибораҳои туфайли мавриди тақлил қарор ёфтааст.

Чанд мақола ва китоби Ниёзмуҳаммадов «Очеркҳо оид ба баъзе масъалаҳои забоншиносии тоҷик» (1961) аз синтаксиси ҷумлаҳои мураккаб баҳс мекунанд. Ниёзмуҳаммадов дар бораи забони асарҳои Носири Хисрав, Аҳмади Дониш, С. Айнӣ, М. Турсунзода, А. Деҳотӣ, Ҷ. Икроми ва дигар низ як силсила мақолаҳо навиштааст. Таълифоти илмии Ниёзмуҳаммад доир ба масъалаҳои гуногуни забони тоҷикӣ дар китоби ӯ «Забоншиносии тоҷик» (1970; Мукофоти давлатии ба номи Абуалӣ иб­ни Сино, 1970) фароҳам омадаанд. Ниёзмуҳаммад аз соли 1938 инҷониб яке аз муаллифон ва мураттибони китобҳои дарсӣ ва программаҳои таълимӣ барои мактабҳои миёна ва oлӣ буд. Хизмати Ниёзмуҳаммад дар тарбияи забоншиносони тоҷик басо калон аст. Бо се ордени «Нишони Фахрӣ», медалҳо мукофотонида шудааст.

Ад.:Русте мов III., Олим ва педа­гог, Д., 1066; Бободжан Ниязович Ниязмуxаммодов, Д., 1966.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …