Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / Ниёзӣ Шавкат Норович

Ниёзӣ Шавкат Норович

Ниёзӣ Шавкат Норович (1905, Бухоро — 1962, Душанбе), забоншиноси советии тоҷик. Аз оилаи деҳқон. Аз падару модар ятим монда дар хонаи бачагон  тарбият ёфтааст. Баъди хатми таҳсили солҳои 1927—1930 аввал дар Душанбе ва

Самарканд муаллими карда, байни солҳои 1930—1939 аввал дар омӯзишгоҳи педагогӣ, баъд дар Институти муаллимии Тошкент дарс додааст. Солҳои 1940—1947 дар Институти тадқиқотии илмии мактабҳои Вазорати маорифи халқи РСС Тоҷикистон кор мекард ва аз 1947 то поёни умр ходими илмӣ ва мудири сектори забони Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АФ РСС Тоҷикистон буд.

Фаъолияти илмию педагогии Ниёзӣ аз таълифу тартиб додани китобҳои дарсии методӣ, дастуруламалу программаҳои таълимӣ оғоз ёфтааст. Ӯ  яке аз ташаббускорони алифбои лотиниасоси тоҷикӣ буд. Аввалин ки­тоби дарсии «Грамматикаи забони тоҷикӣ» (фонетика ва морфология) барои омӯзишгоҳҳои педагогӣ (1940) ба қалами Ниёзӣ тааллуқ дорад. Дар таълифи китоби дарсии «Забони то­ҷикӣ» (морфология) бо Л. Бузургзода ва Б. Ниёзмуҳаммадов (1941) ҳамкорӣ дошт. Ниёзӣ яке аз муаллифони «Грамматикаи забони тоҷикӣ» (фонетика ва морфология) барои синфҳои 5—6 ва «Грамматикаи забо­ни тоҷикӣ» (синтаксис) барои синфҳои 6—7 буд. Инҷунин дар таълифи китоби дарсии «Грамматикаи забонн тоҷикӣ» (фонетика ва морфология) барои донишкадаҳои олӣ (1956) низ иштирок дошт. Як силсила мақолаҳои илмии ӯ — «Калимасозӣ дар исм» (1949), «Калимасозии исму сифат дар забони ҳозираи адабии то­ҷик» (1951), «Оид ба ҳиссаҳои номии нутқ дар забони тоҷикӣ» (1954) ва ғайра дар журналҳои илмию методӣ ва тадқиқоти монографии «Исм ва сифат дар забони адабии тоҷик» (1954) дар шакли китоби алоҳида ба табъ расидаанд.

Ниёзӣ дар тарбияи забоншиносони соҳибихтисос низ хизмати шоистае кардааст.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …