Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / Некии Исфаҳонӣ

Некии Исфаҳонӣ

Некии Исфаҳонӣ Зайнуддин Масъуд ибни Алии Ҳаллоҷ (соли таваллуд номаълум— вафот 1592), шоири форс-тоҷик. Дар Натанз ба дунё омада, дар Исфаҳои камол ёфтааст. Дар чавонӣ ба касби падар— ҳаллоҷӣ машғул буд. Баъд ба омӯзиши илм пардохт ва донишманду фозили давр гардид. Ба чанде аз шақрҳои Эрон сафар карда, бо шоирону донишмандони давр, аз он ҷумла бо Мирзошарафи Ҷаҳон, Мавлоно Лисонй ва дигар ҳамсӯҳбат шудааст. Дар тазкираҳо («Тӯҳфаи Сомй», «Рӯзи равшан») чанде аз матлаи ғазал ва рубоиҳои Некии Исфаҳонӣ дарҷ гардидааст. Дар ашъораш мавзӯъ ва мазмунхои ишқӣ, баёни ҳол ороста бо бадеиёту фасоҳат баён шудаанд. Ин абьёт аз эчодиёти давраи ҷавониаш аст, ки дар «Тӯҳфаи Сомӣ» омадаанд:

Ҷонфишониҳо ба хоки пои ёрам орзӯст.

Вах, ки як ҷон дораму дар дил ҳазорам орзӯст.

• •

Доман зи бадомӯзии душман макаш аз ман,

Дасти ману домони ту, доман макаш аз ман.

Намунаи дубайтиҳои Некии Исфаҳонӣ ин аст:

Баъди мурдан ёр агар майли сари хокам кунад,

Лолаи хокам ба ӯ шарҳи дили чокам кунад.

Ишқи ӯ чун шамъ месӯзад зи cap то по маро,

Ғолибан мехохад аз олудагӣ покам кунад.

Некии Исфаҳонӣ инчунин ба номи «Зубдат- ул-асрор» маснавие дорад, ки дар татаббӯи «Махзан-ул-асрор»-и Низомии Ганҷавӣ сурудааст.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …