Маълумоти охирин
Главная / Илм / Навкат

Навкат

Навкат ёдгории археологии давраи палеолит; боқимондаҳои суфа- чаҳои плейстотсени боло дар соҳили чапи дарёи Сир. Аз гурӯҳи ёдгориҳоест, ки аз пуштакӯҳи Сомғор то деҳаи Навкат ба назар мерасанд ва бо номи боаёфтҳои палеолити миёнаи Қайроққум маълуманд. А. П. Оклад­ников соли 1956 тадқиқ намуда, олоти палеолитӣ ёфт. Дар ин ҷо ҳамагӣ 24 маҳал маълум аст, ки садҳо олоти сангӣ ҷамъ оварда шудаанд. Олоти сангӣ асосан дар байни қайроқсангҳои парешон, дар нишебиҳо ё ҳавзаҳои дорои қайроқсангҳои бо мурури замон суфташуда дучор меоянд. Олоти сангӣ баъзан дар болои боқи- мондаи суфачаҳо, ки баландиашон 30—60 м ва 70—120 м аз сатҳи дарёи Сир мебошад, ба назар мерасанд. Дар байни бозёфтҳо олоти хушсифати аз регсанги ҷинсӣ, чақмоқсанг ва порфирит тайёркардашуда, қашавҳои сангӣ ва ғайра бештаранд. Аз Навкат бисёр нуклеусҳои мудаввар ва сатҳаш васеъ ёфт шудаанд. Ёдгориҳои Навкат ба 100—50 ҳазор сол то мелод таваллуқ доранд.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …