Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Навбунёд

Навбунёд

Деҳаест дар Совети қишлоқ Оҷгазаи pайони Вахш, вилояти Қӯрғонтеппа. Территорияи колхози «Москва». Аз Навбунёд то маркази Совети қишлоқ 3 км, то район 10 км; роҳаш асфалтпӯш. Аҳолиаш 765 нафар (1982) ӯзбекҳо ва тоҷикон. Мактаби 8-сола, магазин, чойхона дорад. Соҳаи асосии хоҷагӣ — пахтакорӣ. Заминҳо аз канали Дарахтзор обёрӣ мешаванд. Деҳа соли 1936 бунёд ёфтааст.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …