Маълумоти охирин

Насос

Насос, 1) таҷҳизоти гидравликиест, барои таҳти таъсири энергияи беруна (потенциалӣ ва кинетикӣ) бо тазйиқ рондани моеъ. Насосро шартан ба ду гурӯҳ: насос-мошинҳо (бо ёрии муҳаррикҳо ба кор андохта мешавад) ва насос-аппаратҳо (аз ҳисоби дигар манбаъҳои энергия кор мекунанд ва худ механизми ҳаракатовар надоранд) ҷудо кардан мумкин аст. Насос-мошинҳо паррагй (марказгурез, меҳварй, гирдбодӣ), пор­шенӣ, роторӣ мешаванд.

Насосҳои марказгурез яке аз маъмултарин намудҳои насос-мошинҳо буда, барои аз як ҷо ба ҷои дигар бурдани оби хунук ё гарм (t> 60° Селсия) моеъҳои ға­лиз ё фаъол (кислота ва ишқорҳо), гандаобаҳо, омехтаҳои об бо хок, хокистар, дажғол, торф, ғурӯшаҳои ангшитсанг ва ғайра хизмат мекунанд. Кори онҳо ба ин асос меёбад, ки энергияи кинетикии чархи кории даврзананда ба он зарраҳои моеъ дода мешавад, ки дар байни парраҳои ин чарх воқеанд. Бо таъсири қувваи марказгурез Р, ки ҳангоми давр задани чарх пайдо мешавад, зарраҳои моеи нақлшаванда аз чар­хи корӣ ба корпус ва аз он ба ғулбаи ихроҷ мераванд, ба ҷои онҳо бошад, бо таъсири фишори ҳаво зарраҳои нави моеъ дохил мешаванд ва ба ҳамин кори бефосилаи насос таъмин мешавад.

Ба насос — аппаратҳо Насоси шарравӣ, газлифтдо (аз думла, эрлифтҳо), таранҳои гидравликӣ, маг­нитогидродинамикӣ ва ғайра мансубанд. Намудҳои гуногуни Насосро дар иншооти гидротехниӣ  (масалан, дар стансияҳои насосӣ), таҷҳизоти техникии гармӣ (насоси ҳарорати, насоси буғӣ ва ғайра), саноати истеҳсоли нефт ва нефтепроводҳо (насоси нефткаш) ва сохтмон (масалан, насоси бетонкаш) истифода мебаранд; 2) таҷҳизот барои аз зарфи сарбаста ҷаббида дур кардани газ.

Адабиёт: Насосы. Каталог-справочник, 3 издания, Москва— Ленинград, 1960; Ломакин А. А., Центробежные и осевые насосы, Москва— Ленинград, 1966; Чиняев И. А., Роторные насо­сы, Ленинград., 1969.

Инчунин кобед

tasbeh

ТАСБЕҲ

ТАСБЕҲ, субҳа (арабӣ—субҳоналлоҳ гуфтан, худоро ёд кардан), як шадда мӯҳраҳоро гӯянд, ки шахси тасбеҳгардон адади …