Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / Насагдорж Дашдоржийн

Насагдорж Дашдоржийн

Насагдорж Дашдоржийн (тақрибан 17. 11. 1906, Баян-Дэлгэр, аймоқи Марказӣ — 13.7.1937, Улан-Батор), нависандаи муғул. Аъзои Партияи халқӣ-революционии Муғулистов аз соли 1922. Дар СССР (Ленинград, 1925) ва Германия (Берлин, Лейпциг 1926—29) таҳсил кардааст. Дар асоси пешрафти беҳтарин анъанаҳои адабиёти миллӣ ва аз худ кардани сарвати адабиёти классикию советии рус ва Европа Насагдорж ба методи реализми сотсмалистӣ наздик шуд; дар маркази эҷодиёти ӯ ҳаёти маънавии инсон меистад. Ӯ яке аз асосгузорони адабиёти муосири муғул буда, асарҳои манзуми «Ватани ман» (1934), «Чор фасли сол» (1934), шеърҳои тарғиботӣ аз силсилаи «Саломатӣ», ҳикояҳои «Ашкҳои ла­ма» (1930), «Фарзанди ҷаҳони кӯҳна» (1930), минётураҳои мансури лирикии «Санами деҳотӣ», драмаи мусиқии «Назди се теппа» (1934) ва ғайра офарид. Соли 1966 дар РХМ мукофоти адабии ба номи Н. таъсис ёфт. Дар Улан-Батор музеи ёдгории Насагдоржро кушоданд ва ҳайкали ӯро гузоштаанд.

Основание: избранное, Москва, 1956.

Адабиёт: Янковская К. Н., жийн Нацагдорж, Москва, 1974.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …