Маълумоти охирин
Главная / Илм / Наркоз

Наркоз

Наркоз (аз юн. narkosis — беҳис шудан, карахтшавӣ), хоби бо роҳи сунъӣ барангехтаест, ки кас пурра ё қисман беҳуш гашта, дардро ҳис намекунад. Наркозро ҳангоми ҷарроҳӣ барои рафъи дард (анестезия) истифода мебаранд. Наркоз ингалятсионӣ, ғайриингалятсионӣ ва омехта мешавад. Хангоми  Наркози ингалятсионӣ эфир, хлороформ, хлорэтил, оксиди нитрогон (I), тсиклопропан, фторотан ва дигар моддаҳои наркозиро ба воситаи ниқоб (маска) нафас мекашонанд (ингалятсия мекунанд) ё омехтаи моддаҳои наркозӣ (буғи моддаҳои наркозӣ) ва газдоро ба воситаи аппарати Наркозӣ ба шуш мефиристонанд. Дар вақти Наркози ғайриингалятсионӣ моеи наркозӣ (масалан, барбитуратҳо, дроперидол, фентанил ва ғайра)-ро ба вена, рудаи рост, байни мушакхо ё ба зери пуст мефиристанд ё менӯшонанд.

Наркози омехта (комбинатсионӣ) дар натиҷаи истифодаи моддадои гуногуни наркозӣ ва усулҳои паиҳам фиристодани онҳо ба амал бароварда мешавад. Дар электроанестезия аппарати Наркозии истеҳсоли ИТТИҲОДИ ШӮЪРАВӢ НЭИП-1-ро истифода мебаранд. Бо ин усул ба майнаи cap бо ҷараёни электикӣ таъсир расонда, беморро бехуш мекунанд. Афзалияти чунии усули рафъи дард дар он аст, ки бемор зуд аз ҳуш рафта, тез ба худ меояд ва узвҳои дарунӣ осеб намебинанд.

Ад.: Дарбинян Т. М., Бол и. обезболивание (новый способ наркоза), М., 1067; Руководство по анестезиологии, М., 1073; Трещинский А. И. и др. Наркоз в амбулаторных условиях, Киев, 1078.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …