Маълумоти охирин
Главная / Без рубрики / Нархи истеҳсолот

Нархи истеҳсолот

Нархи истеҳсолот дар хоҷагии капиталистӣ нархи молҳои истеҳсолкардаро гӯянд, ки он баробар аст ба ҷамъи  хароҷоти истеҳсолот ва фоидаи миёнаи тамоми капитали пешдод; шакли табдилёфтаи арзиши мол аст. Дар миёси Нархи истеҳсолот нархи молҳои бозор тағйир меёбад (паст ва баланд мешавад). Дар шароити истеҳсолоти оддии молӣ ва марҳалаи ибтидоии тараққиёти капитализм қонуни арзиш бевосита дар шакли аслиаш амал мекард; нархи молҳои фурӯхташаванда ба арзишашон наздик ё баробар буданд. Бо тараққиёти нобаробари иқтисодиёти капиталист ва ба вуҷуд омадани индустрияи мошинӣ як соҳаи хоҷагии аз соҳаи дигар аз ҷиҳати таҷхизоти техникӣ пеш мегузашт.

Капиталистон барои он ки ҳар чӣ бештар фоида ба даст оранд, дар соҳаҳое капитал мегузоранд, ки нормаи фоидаи онҳо зиёд аст. Гузариши доимии капитал аз як соҳа ба соҳаи дигар ба амал меояд ва ин боиси барқароршавии нормаи миёнаи фоида ме- гардад. Моҳияти он аз ин иборат аст, ки миқдори капитали баробари дар соҳаҳои гуногуни истеҳсолот гузошташуда қатъи назар аз сохти органикии капитал, яъне қатъи назар аз таносуби байпи воситаҳои истеҳсолот ва қувваи коргари кироя, тақрибан баробар фоида медиҳад. Барои он ки капитали ба соҳаҳои гуногун гузошташуда ба соҳибаш даромади миёна диҳад, молро на аз рӯи арзишаш, балка бо чунин нархе фурӯхтан рост меояд, ки ин ба капиталист барои бардоштани хароҷоти истеҳсолот ва ба даст овардани фоидаи миёна имконият диҳад.

Нархи истеҳсолот маҳз чунин нарх мебошад. Номутобиқатии Нархи истеҳсолот бо арзиши мол қонуни арзишро инкор намекунад, чунки ҷамъи маблағи Нархи истеҳсолоти молҳо дар миқёси ҷамъият ба ҷамъи маблағи арзиш баробар аст. Дар замони капитализми томонополистӣ молҳо бо нархҳои истеҳсоли худ фурӯхта шуда, дар атрофи арзиши молҳо пасту баланд шуда меистанд, аммо дар шароити империализм монополияҳо моли худро ба таври монополӣ назар ба Нархи истеҳсолот бо нархи баланд мефурӯшанд.

Ад.: Маркс Карл, Капитал, том 2. глава 17, Маркс Карл, Энгельс Фридрих, Сочинение, 2 ад., том  24; ҳамон ҷо м у а л л и ф, том 3, глава 8—12, ҳамон ҷо, том 25, ҷилди 1.

Инчунин кобед

tasbeh

ТАСБЕҲ

ТАСБЕҲ, субҳа (арабӣ—субҳоналлоҳ гуфтан, худоро ёд кардан), як шадда мӯҳраҳоро гӯянд, ки шахси тасбеҳгардон адади …