Маълумоти охирин

Наапет Кучак

Наапет  Кучак  (cолитаваллудаш номаълум — вафот тақрибан 1592), шоири арманӣ. Ҷузъиёти тарҷумаи ҳолаш норавшан аст. Аз рӯи ривояте дар деҳаи Харакониси, назди Ван таваллуд ёфтааст. Хусусиятҳои забонӣ ва номҳоиҷугрофии ашъораш шаҳодат медиҳанд, ки зодгоҳаш қисмиғарбии Арманистон аст. Наапет  Кучак асосан айрена— сурудҳое, ки аз дубайтӣиборат буда, ҳар як мисрааш- 15 ҳиҷо (тақтеъ пас азҳиҷои ҳафтум) дошт, эҷод карда ва шакли қадимии шеъри арманиро ба такомул расонидааст. Аксари айренаҳои Наапек Кучак. ишқианд. Вале ранҷу азоби халқ, нобаробариҳои иҷтимоӣ аз назари шоир дур намондаанд. Чанде аз айренаҳояшро Наапет Кучак ба тасвири зиндагии талхи арманҳои аз ватал дурафтода бахшидааст. Ашъори моҳиянд демократӣ ва гуманистии Наапет Кучак бо хусусиятҳои зиддифеодалиаш зарбае буд бар догматизми асримиёнагӣ.

Ос.: Лирика. Айрены, М., 1972.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …