Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / МУЗЕИ ДАВЛАТИИ ЭТНОГРАФИЯИ ХАЛҚҲОИ СССР

МУЗЕИ ДАВЛАТИИ ЭТНОГРАФИЯИ ХАЛҚҲОИ СССР

etnograficheskiy-muzeyМУЗЕИ ДАВЛАТИИ ЭТНОГРАФИЯИ ХАЛҚҲОИ СССР, калонтарин дар Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ СССР муассисаи илмӣ, маданию маърифатӣ, ки дар он намунаҳои осори маданияти моддӣ ва маъна- вии халқҳои гуногун гирд оварда, омӯхта ва намоиш дода мсшаванд. Дар шаҳри Ленинград воқеъ гаштааст. Январи 1902 ҳамчун шуъбаи этногра­фияи Музеи Россия таъсис ёфт, 1934 ба музеи мустақил табдил дода, 1948 ба он фонди Музеи халқҳои Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ СССР (Москва) ҳамроҳ карда шуд ва номи Музеи давлатии этнографии халқҳои Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ СССР-ро гирифт. Музей зи- ёда аз 250 ҳазор экспонат ва 125 ҳазор суратро доир ба этнографияи 154 халқ ва гурӯҳҳои этникӣ дар бар мегирад. Экспонатҳои он роҷеъ ба маданият на тарзи зиндагонии халқҳои Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ СССР (аз ҷумла халқи тоҷик) маълумот медиҳанд. Дар Музей коллек­сияи сершумори этнографии Тоҷикистон ҷои намоёнро ишғол мекунад, ки он намунаҳои олоти деҳқонӣ ва чорводорӣ, маснуоти ҳунармандӣ (зарфҳои сафолӣ, асбобу анҷоми рӯзгор), сару либос, пойафаол, санъати амалй, санъати муснқй ва г-ро дар бар намудааст.

Адабиёт: Этнографические коллекции в музеях. СССР, М.осква, 1964; Государствен­ный музей этнографии народов СССР. Путеводитель. Ленинград, 1971.

А. Валиев.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …