Маълумоти охирин
Главная / Без рубрики / Мӯътазилия

Мӯътазилия

Мӯътазилия (азлшуда, дуршуда, ҷудошуда), мӯътазила, ҷараёнест дар ислом. Ба эътирофи аксари манбаъҳои диннию фалсафии асримиёнагӣ Восил ибни Ато (699—748) асосгузори он мебошад. Восил ибни Ато шогирди Ҳасани Басрӣ будааст ва гуё ҳангоми баҳсе аз адолати худо бо гурӯҳе аз дарси устодаш ҷудо (азл) шу­да, адидаи худро бебокона изҳор кардааст. Бинобар ин пайравони ӯ номи аҳли мӯътазиларо гирифтанд.

Ба вуҷуд омадани ҷараёни Мӯътазилия фақат ҳодисаи соф динӣ набуда, балки ифодаи муборизаи қувваҳои пешқадами озодфикрои барои истиқлоли андеша буд. Зеро дар ибтидои ташаккули дини ислом арбобони соҳибнуфузи он қобилияти ихтиёри инсонро рад карда, ҳамаи ҳодисот ва аъмоли одамиро аз тарафи худо қаблан таъиншуда медонистанд. Бинобар ин масъалаи ихтиёр дар он замон аз мавзуъҳои баҳсталаб ва мавриди муборизаи ғоявии равияҳои мухталифи дохили дини ислом буд. Дар оғоз аҳли Мӯътазилия дар замани муборизаи Аббосиён бар зидди Умавиён (нимаи аввали асри 8) тарафдори Аббосиён буданд. Фаъолияти онҳо озод буда, мактабҳояшонро дар Басра, Куфа, Бағдод, Шероа, Димишқ, Нитопур ва ғайра таъсис карда буданд. Муҳам- мади Аллоф (вафот 941), Наззом (вафот 845), Ҷоҳиз (вафот 869), Ҷаъфар иб­ни Мубошир (вафот 848) ва ғайра аз намоёнтарин намояндагони Мӯътазилия буданд ва дар илмҳои гуногуни замонаҳои пешдастӣ доштанд.

Дар замони хилофати Маъмун Мӯътазилия ҳамчун дини давлатӣ эълон шуда, қабули он барои ҳама ҳатмӣ буд ва шахсоне, ки хилофи он ақида дош­танд, таъқиб мешуданд. Намоянда­гони Мӯътазилия бештар ба далелҳои адли такя намуда ба аркони бемантиқи динӣ мудобил мебаромаданд.

Ба ақидаи аҳли Мӯътадил фикри мутаассибон роҷеъ ба тақдир ва тамоман ах худо вобаста будани ихтиёри инсон хилофи адолати иҳодист. Инсон мухтор ва  тамоми амалиёти баду неки ӯ ба худаш вобаста буда, худо дахолате ба он надорад. Ин фикр, бешубҳа, ба яке аа фикрҳон роиҷи динӣ оид ба қудрати бенидояти худо хилоф буд.

Намояндагони Мӯътазилия ҳамчунин антропоморфизмро рафъ карданӣ шуда, худоро аз тамоми сифатҳо озод намуданд. Худои Мӯътазилия ба як офаридгори аз тамоми хислатҳои ҷисмонии ба инсои хосбуда бегона ва ба чизи муҷаррад табдил ёфт. Ба фикри муътазилиён ба худо нисбат додани сифатҳои инсонӣ ақидаро оид ба ҳозиру нозир ва номаҳдуд будани ӯ зери шубҳа мегирад. Масъалаи дигаре, ки Мӯътазилия бо исломи расмӣ дар он созгор набуд, азалияту абадияти Қуръон буд. Азалӣ донистани Қуръон ба фикри аҳли Мӯътазилия ба азалияти худо мухолиф буда, сифатҳои худоро ба Қуръон нисбат додан асту бас. Аз ин рӯ, адли Мӯътазилия ба хулоса омаданд, ки Қуръон азалӣ набуда онро ху­до офаридааст ва одамон навшитаанд, бинобар ин вай аз кинояву маҷоз холӣ нест. Мӯътазилия ақлу динро оштӣ ва ба илодиёти ислом шакли фалсафӣ доданӣ мешуд. Муътазилиёи ақидаи атомистиро низ ба назарияи худ тобеъ карданӣ шуда, макону замонро ҳам аз пайванди зарраҳо иборат медонистанд.

Тарафдорону назариётчиёни Мӯътазилия маъмулан шахсони бомаърифати замонашон буда, аз асарҳои аз забонҳои сурёнӣ, юнонӣ тарҷумашуда бохабар будаанд. Масалан, Ҷоҳиз, ки таълимоти Мӯътазилияро ба системаи муайяне дароварда буд, дар асри 9 аз алломагони давраш шинохта мешуд. Аллоф, Ҷуббоӣ низ аэ олимони намоёни он замон буданд.

Таълимоти Мӯътазилия ба шаҳодати намояндагони он асосан аз панҷ асл — тавҳид, адл, ваъду ваид, манзил ва амру наҳй иборат аст. Асли тавҳид дар бораи ягонагии худо буда, аммо ин ақидаи Мӯътазилия ба муқобили му- шобиҳа (антропоморфизм) ва ақидаи дини ортодоксалӣ роҷеъ ба азаияти Қуръон равона шуда буд. Дар бораи адл бошад, Мӯътазилия қадаме ба пеш ба сӯи озодфикрӣ ниҳода, озодии ирода ва ихтиёри одамизодро бар хилофи таълимоти мутаассибони ислом таъкид менамуд.

Асли ваъду в а ид (ваъдаву таҳдид) мизони ахлоқи Мӯътазилияро ифода менамояд ва аз сазову ҷазо баров рафтори хубу зишт баҳс мекунад.

Асли манзил (ё худ мавзил байни ду манзил) баҳс аз боби киро мӯ шахси гуноҳи азим содиркарда мусулмон набуда, кофир ҳам нест, балки дар байни ин ду манзил аст. Ин асли Мӯътазилия низ бар зидди мутаассибони динӣ равова шуда буд.

Асли амру наҳй бошад вазифаҳои халифиро муайян менамуд. Ба ақидаи Мӯътазилия халиф ҳақ дорад дини хешро бо ҷангу хунрезӣ низ ҷорӣ намояд. Ин ақида, бешубҳа, барои низоъхои мазҳабӣ ва пахш карданн озодфикрӣ, ки хилофи Мӯътазилия бошад, роҳ мекушод.

Нуфузи Мӯътазилия то замони истилои муғулҳо дар Эрону Мовароувваҳр, Хуросон ва Хоразм зиёд буда, дар Рай, Насаф, Гургов ва шаҳрҳои дигари ин ноҳояҳо мактабҳои Мӯътазалия амал ме­намуанд.

Қатъи назар аз носозгориҳо бо исломи ортодоксалӣ ва ҷанбаи озодандешӣ, ки дар ибтидо дар таълимоти Мӯътазалият баён гардида буд, вай ҳамчун дини феодалӣ ва идеологияи як гурӯҳи зиёиёни исломии асрҳои 8—9 ифодакунандаи манфиатҳои синфҳои истисморгар буд.

Ад.: Григорян С. Н., Из истории философии Средней Азии и Ирана VII— XII вв., М., 1960; Богоутдинов А. М., Очерки по истории таджикской философии, Сталинабад, 1961; Б ерт е я  с  Е. Э., Суфизм и суфийская ли­тература, М., 1965; Петруш е в с к и й И. П., Ислам в Иране в VII—XV вв., J1., 1966; М е тс  А., Мусулманский ренесанс, М., 1973.

Инчунин кобед

tasbeh

ТАСБЕҲ

ТАСБЕҲ, субҳа (арабӣ—субҳоналлоҳ гуфтан, худоро ёд кардан), як шадда мӯҳраҳоро гӯянд, ки шахси тасбеҳгардон адади …