Маълумоти охирин
Главная / Илм / МУТАГЕНЕЗ

МУТАГЕНЕЗ

mutagenezМУТАГЕНЕЗ (аз лотинӣ mutatio — тағйирёбй ва …генез), просесси тағ-йирёбии ирсӣ — мутасияро гӯянд, ни аз таъсири шароитҳои табиӣ (худ аз худ) ё омилҳои гуногуни физикӣ ё химиявӣ мутагенҳо ба вуҷуд меояд. Асоси Мутагенезро тағйирёбии молекулаҳои кислотаҳои нуклеат, ки нигаҳдор ва ноқили ахбори ирсӣ мебошанд, ташкил медиҳанд. Ин тағйирёбӣ чун мутасиями генӣ ё ташаккули нави хромосомаҳо ифода меббад. Механизми Мутагенез барои мутагенҳои гуногун ҳар хел аст. Афканиши ионизонанда ба кислотаҳои нуклеат бевосита таъсир намуда, атомҳои онҳоро фаъол ва ионизасия мекунад. Ин боиси канда шудани силсилаи (занҷири) ангиштобу фосфатии молекула ва бандҳои гидрогении байни торҳои комплементарии КДН (кислотаи дезоксирибонуклеат) мегардад.

Ба рафти Мутагенез омилҳои гуногуни берунӣ таъсири зиёд мерасонанд, масалан, дар зери таъсири афканиши ионизонанда суръати мутасияҳо ҳангоми ба ҳуҷайра дохилшавии оксиген афзуда, ҳангоми норасоии он (агар афканиш дар атмосфераи нитроген ба вуҷуд ояд) суст мешавад. Баъзе моддаҳо М.утагенезро бозмедоранд. Масалан, ба хуҷайра дохил намудани аденозин ё гуанозин таъсири мутагении аналогҳои пуринии асосҳои нитрогениро бозмедоранд, ферменти каталаза эффекти мутагении афканиши ионизо-нандаро суст мекунад. Ҳангоми таъсири баъзе мутагенҳои химиявӣ мутасия якбора ё баъди чанд вақт, баъзан баъди якчанд насли ҳуяайра иваз шудан ба вуҷуд омада метавонад.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …