Маълумоти охирин
Главная / Илм / МУШОЛИҲО

МУШОЛИҲО

musholihoМУШОЛИҲО (Caprifoliaceae), як оилаи растаниҳои буттагӣ (баъзан печон), дарахти начандон калон, нимбутта ва алафии дупаллагиро гӯянд. Барги аксар рӯ ба рӯ ҷойгиршуда, баъзан бо асосаш якҷоя сабзида, гули одатан дуҷинсаи актиноморфӣ ё зигоморфӣ, ғуҷуммева ё меваи донакдор, баъзан ғӯзамева доранд. 15—16 ҷинс (қариб 400 намудри Мушолиҳо дар минтақаҳои мӯътадили Нимкураи шимолӣ мерӯяд. Дар Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ СССР 7 ҷинс (бештар аз 75 намуд)-и Мушолиҳо месабзад. Аз онҳо мушол, асои Мӯсо, калина, линнея, вейгела ва ғайра бештар паҳн гаштаанд. Дар набототи Тоҷикистон танҳо як ҷинси Мушолиҳо— мушол ҳаст. Бештар аз 9 ҷинси Мушолиҳо, ки 130 намудро дар бар мегирад, парвариш карда мешавад. Аксарияти Мушолиҳо чун растаниҳои ороишӣ истифода мешаванд. Баъзе Мушолиҳоро дар тиб (масалан, байласон) ва чӯби онҳоро чун масолеҳи бинокорӣ истифода мебаранд. Меваи як қатор Мушолиҳо (масалан, мушол, калина) чун маҳсулоти хӯрокӣ ба кор меравад.

Адабиёт: Деревья и кустарники Союза Советских Соцмалистических Республик, том 6, Москва—Ленинград, 1962: Деревья и кустарники для озеленения Таджикистана, Душанбе, 1965. Я. Г. Темберг.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …