Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / МУРҒОБӢ

МУРҒОБӢ

МУРҒОБӢ, як гурӯҳ мурғҳои гуногунҷинсро гӯянд, ки ба оилаи мурғҳои обии ғозмонанд мансубанд. Вазнаш 300—1700 грамм. Ба тамоми олам паҳн шудааст. Аз рӯи сохту хусусиятҳои биологӣ ва истеҳсолӣ Мурғобӣ ҳақиқӣ, ғӯтагарак ва крохал мешавад. Мурғобии ҳақиқӣ ё дарёӣ ба об ғута за­да наметавонад. Дар хушкӣ ё ҷойҳои тунукоб хӯрок меҷӯяд. Хӯрокаш растанӣ, моҳича, кирм, ҳашарот ва ғайра. Гӯшташ хушсифат. Беҳтарин намудҳои шикории Мурғобӣ: зангорсар, дарафшдумак, мурғобии ашҳабӣ ва мурғобак ва ғайра мебошад. Ҳамаи ин мурғобиҳо мавсимӣ буда, фақат баъзеи онҳо зимистонро дар Шимол (дар соҳилҳои баҳр ё обанборҳои обашон ширине, ки ях мебандад) мегузаронанд. Дар Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ СССР 41 намуди Мурғобӣ маъмул аст. Дар Тоҷикистон на- мудҳои 8 ҷинси Мурғобӣ вомехӯрад. Махсусан намудҳои ҷинси Мурғобии дарёӣ (Мурғобии ашҳабӣ — Anasstrepera) ва зангорсарак (Anasstrepera platyt- hunchos ва ғайра) васеъ паҳн шудаанд. Як қисми онҳо ҳангоми парида рафтан дучор меоянд ё ба миқдори кам дар кӯлу дарёҳои республика зимистон мегузаронанд. Аз ҳамвориҳои республика то обанборҳои Помир Мурғобии сурх (Tadorna ferruginea), гогол (Bucephula clangula) ва ғайра, дар қисми зиёди кӯҳсори республи­ка крохали калони ҳимолой (Мегgus merganser orictalis) ва Мурғобии алобулои норанҷӣ зист мекунанд. Аксариятн намудҳои номбурда Мурғобиҳои шикорӣ мебошанд.

Мурғобӣ: 1 — ашҳабӣ; 2 — желобинӣ;

3 — зоти мурғобии «Черри-Веллӣ».

Мурғобии хонагиро дар замонҳои қадим аз Мурғобии ваҳшии зангорсарак (кряква) ба вуҷуд овардаанд. Мурғобии хонагӣ серпушту тезрас буда, гӯшташ серғизои баландсифат аст. Аз тухми Мурғобии хонагӣ чӯҷа мебароранд ва дар саноати хӯрокворӣ орди тухм, меланжу маҳсулоти қаннодӣ тайёр мекунанд. Вазни миёнаи Мурғи модина 3,35 килограмм, нарина 3,5—4 килограмм, чӯҷаи як рӯзааш 50—60 грамм ва 55—60-рӯзааш 2—2,5 килограмм. Ҳангоми аз галаи Мурғобиҳои модина як маротиба гирифтани насл вазни зиндаи солонаи насли як Мурғобӣ ба 100—150 килограмм, ҳангоми гирифта­ни якчанд насл вазни зиндаи он ба 200—300 килограмм мерасад. Мурғобии хонагӣ дар 160—180 рӯз ба тухм даромада, дар як сол зиёда аз 200 дона тухм мекунад. Дар Тоҷикистон Мурғобии зоти пекинӣ ва зоти жлобиниро, ки дар совхози «Жлобин*-и вилояти Гомел (дурагаи Мурғобии пекинӣ бо Мурғобии сафеди москвагӣ) ба вуҷуд овардаанд, парвариш мекунанд. Ин Мурғобӣ ба шароити парвариш нагз мутобиқ меша­ванд. Вазни паркандаи Мурғобӣ (бе уэвҳои дарунӣ)—58—60% ва равғани гӯшташ 24—30%. Соли 1971 аз Англия ба Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ СССР Муоғобии гурӯҳи кросси X— Н-и фирма и «Черри-Велли» оварда шуда буд. Ҳангоми ба шароити маҳал мутобиқ кардани кросси X—II дар Стансияи таҷрибавии минтақавии мурғпарварии Қазоқистон маълум шуд, ки Мурғобии ин гурӯҳ сермаҳсуланд. Вазни зиндаи Мурғобии дурагаи 151X102 (дурагаи падарӣ ва модарӣ)-и кросси «Черри-Велли» дар ша­роити якхела нисбат ба Мурғобиҳои зоти маҳаллию жлобинӣ 310—1270 грамм зиёд буда, сарфи хӯрок ба дар 1 килограмм вазни он аз 0,3 то 2,8 килограмм кам аст. Сермаҳсулӣ ва сернаслии дурагаи «Черри-Веллӣ» боиси афзоиши тези наслгирӣ шуда, барои бо Мурғобиҳои зотӣ таъмин намудани хоҷагиҳои мурғпарварии минтақаҳои гуногуни Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ СССР ва аз он ҷумла Тоҷикистон имкон дод. Дар натиҷаи беҳтар гардондани серпуштии галаи Мурғобӣ, чӯҷабарорӣ, зиёд кардани вазни зинда, сифат ва ғайра истеҳсоли гӯшти Мурғобӣ сол то сол меафзояд.

Адабиёт:       Абакумов В., Утководство

в специализированном хозяйстве, Москва, 1968; Жизнь животных, том 5, Москва, 1970; Производство мясо уток на промышлен­ной основе. Москва, 1973.      В. Мерзляков.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …