Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / МУҲАММАДСОДИҚ

МУҲАММАДСОДИҚ

nophotoМУҲАММАДСОДИҚ  (таваллуд тақрибан 1547/50, Самарқанд — соли вафоташ номаълум), шоир ва тазкиранависи тоҷик. Аз оилаи ҳалвогар. Дар зодгоҳаш таҳсили илм намудааст. Доир ба ҳаёт ва эҷодиёти ӯ маълумоти каме дастрас аст. Муҳаммадсодиқ ба шаҳру деҳоти Мовароуннаҳр сафар карда, бо аҳли илму адаб ҳамсӯҳбат шудааст. Пас аз сафар, бино ба гуфтаи Мутрибӣ («Тазкират-уш-шуаро»), дар байни солҳои 1605—1606 бо номи «Риё-уш-шу- аро» тазкирае тартиб додааст, ки дар он асосан аз муосирони худаш сухан рафтааст. Тазкираи Муҳаммадсодиқ то ҳол ёфт нашудааст, вале порчаҳои парокандааш аз хусусияти ёддоштии он шаҳодат медиҳанд. Муҳаммадсодиқ бо тахаллуси «Содиқӣ» шеър месуруд. Ашъори парокандааш дар тазкираҳо сабт гардидаанд, ки дар онҳо тартиби касб, пешаву ҳунар, меҳнати ҳалол баён шудааст.

  У. Навиров.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …