Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / МУҲАММАДИ МУЪИН

МУҲАММАДИ МУЪИН

nophotoМУҲАММАДИ МУЪИН  (соли таваллуд ва вафоташ номаълум), ҳофиз, нависанда, мусикқишииоси охири асри 15— аввали  асри 16 форс-тоҷик. Зодгоҳаш Бу­хоро, дар Ҳирот фавтидааст. Санъа­ти мусиқиро аз падараш омӯхтааст. Дар мадрасаи Ҳирот таҳсил намуда, илмҳои мусиқӣ ,бадеъ, қофия, ахлоқ, арӯзро аз худ кард. Аз овони ҷавонӣ ба сурудану навохтан шавқ дошта, махсусан таронаҳои,  ишқӣ, ирфонӣ, ахлоқӣ ва фалсафиро устодона иҷро мекардааст. Дар таъзияхонӣ беназири замон будааст. Баъди Ҳиротро забт кардани Шайбониён ӯро ба Бу­хоро меоранд. Дар иҷрои қисматҳои мураккаби мақомҳо соҳибҳунар бу­да, дар асоси зарбу усули онҳо асарҳои зиёди мусиқӣ тасниф кардааст: «Нақши муъинӣ», «Савти шоҳӣ», «Амали муъинӣ» ва ғайра.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …