Маълумоти охирин

МУФТА

muftaМУФТА (аз немисӣ Mulfe; голландӣ mou-wtje), дар техника, ҷиҳозест барои пайванди Муваққатӣ ё доимии наварду ғулба, симтанобу кабелҳо ва ғайра. Муфтаҳои пайвандкунанда вобаста ба вазифаашон пайвандро мустаҳкам, гермет ва онро аз коррозия ҳифз мекунанд. Масалан, Муфтаи кабел, Муфтаи пайванди ғулбаҳо. Муфтаҳои ҳарактовари мошину механизмҳо ҳаракати чархзанӣ ва моменти чархзаниро аз як навард ба наварди дигари ҳаммеҳвар ё аз навард ба детали дар он шинондашуда (шкив, чархи дандонадор ва ғайра) бе тағйири моменти чархзанӣ тақвил менамоянд. Аз рӯи характери кор ва таъинот намудҳои зерини Муфтаҳо мавҷуданд (расм): Муфтаҳои пайванди доимӣ; Муфтаҳои идорашаванда (илҳоқшаванда), ки тавассути системаи идоракунӣ навардҳоро васлу ҷудо мекунад; Муфтаҳои автоматӣ, ки вобаста ба тағйироти режими кор навардҳоро ба таври автоматӣ васлу ҷудо карда метавонанд. Кори Муфтаҳои ҳифозатӣ чунон аст, ки нуқсҳои васлро бартараф, навардҳоро ҷудо мекунад, агар фалокате рӯй диҳад, мошинҳоро бозмедорад.

Инчунин кобед

vozdushno-kosmicheskiy-samolot-spaceshiptwo-01

САМОЛËТИ ҲАВОИЮ КАЙҲОНӢ

САМОЛËТИ ҲАВОИЮ КАЙҲОНӢ, аппарат париши реактивии идорашавандаи кайҳониро гӯянд, ки сатҳи баранда дорад ва бисёркарата …