Маълумоти охирин

МОНАВИЯ

МОНАВИЯ таълимоти диниест, ки асри 3 дар Шарқи Наздик пайдо шуда, бо номи асосгузораш Монӣ машдҳр гардидааст. Монавия ба зудӣ дар Хуросону Мовароуннаҳр, Хитой .Л Шарқи Наздик васеъ паҳн гардид. Монавия як шакли дуализми динӣ буда унсурҳои зардуштия, масеҳияг ва гностицизмро ба ҳам пайвастааст.

Аз рӯи таълимоти Монавия дар олам ду қувван азалии ба ҳам зид — нуру зулмот, хайру шар вуҷуд доранд. Пар олами нур худою фариштаҳо дар олами зулмот деву иблис ҳукмронанд. Мувофиқи таълимоти Монавия нур бо некӣ ва зулмот бо бадӣ муносибат дорад. Рух самараи нур, мабдаи некӣ, ҷисм (модда) самараи зулмот, мабдаи бадӣ аст. Рух асири ҷисм мебошад. Ба таълимоти Монавия то дараҳае тахминхои диалектикии соддалавҳона хос аст, ки дар таъқиди доимӣ будани муборизаи байни зидҳо ва дар алоқамандӣ вуҷуд доштани онҳо падидор аст. Мазмуну моҳияти таърихи ҷаҳониро муборизаи доимии нур ва зулмот, рух ва модда, некӣ ва бадӣ ташкил медиҳад. Ин мубориза бо сӯхтори олам анҷом меёбад, ки дар натиҷаи он рух аз ҷисм (модда) ҷудо мешавад. Олам дар назари монавиён таҷассуми бахт мебошад. Одам низ вуҷуди муштарак буда вазифадор аст, ки ба нур ёрӣ расонад. Монавия зуҳду тақво, беникоҳӣ ва манъи хӯрокворӣ (истеъмоли моҳӣ, гӯшт, шароб ва ғ.)-ро тарғибу кизб, дуздӣ, сарватмандӣ ва моликияти хусусиро маҳкум мекунад. Таълимоти монавиён як навъ эътирози иҷтимоӣ буд. Вале Монавия оммаи халқро на ба муборизаи фаъол, балки ба гӯшанишинӣ даъват мекард. Чунин тарзи фаҳмиши маъною мақсади ҳаёт аз унсури пессимистӣ холӣ набуд. Дар Ғарб Монавия бо масеҳият омехта шуда, шакли бидъатро гирифт. Монавия дар асри 8 дар салтанати Уйғур дини ҳукмрон гардид. Дар асрҳои 8—9 Монавия ба таъқиби сахти пайравони ислом дучор омад. Монавия ба ташаккули идеологияи як қатор фирқаҳои масеҳӣ (павликианҳо, қатарҳо, молоканҳо) ва мазҳакия мусоидат кардааст.

Ад.: Пигулевская Н. В.. Города Ирана в раннем средневековье, М.. 1956; Дьяконов М. М.. Очерк истории Древнего Ирана, М., 1961. А. Совиное.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …