Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / МИСГАРӢ

МИСГАРӢ

misgariМИСГАРӢ, ҳунари аз мис сохтани асбоби рӯзгор, аслиҳа ва ашьёи гу­ногун. Яке аз навъҳои қадимии ҳунармандӣ. Дар хусуси вуҷуд дошта­ни Мисгарӣ дар Осиёи Миёна Геродот ва Страбон дар асарҳояшон маълумот додаанд. Дар байни бозёфтҳои бис ёри тиллоӣ ва нуқрагие, ки ба дав­раи Кӯшониён тааллуқ доранд, ашьёҳои зиёди мисӣ низ дида мешаванд. Мисгарӣ хусусан, дар замони Сомониён (асри 10) хеле ривоҷ ёфт. Пойтахти Сомониён — Бухоро бо сохтани чароғҳои мисӣ машҳур буд, дар Самар­қанд дегҳои калон ва ҷомҳои нафиси мисӣ месохтанд. Дар давраи Темуриён кандакориву ҳаккокии мис яке аз намудҳои маъмули санъат ба ҳи­соб мерафт. Дар ин вақт дегҳои мисиро («лангар») ҳаҷман калон истеҳсол мекарданд, чароғҳои мисӣ («қандил») кандакорӣ шуда, ҳатто бо тилло оро меёфтанд. Истеҳсоли зарфҳои мисӣ ва анвои онҳо дар аввали асри 18 зиёд шуда, дар миёнаи асри

19 авҷ гирифт. Шаҳрҳои қадимии Бухоро, Самарқанд, Балх, Ҳирот, Хуҷанд, Насаф ва Шаҳрисабз марказҳои асосии истеҳсоли ашьёҳои мисӣ буданд. Афзори мисгар асосан аз паprop, пӯлодқалам, қайроқ ва болғача иборат буд. Чойҷӯш, офтоба, табақ, лаълӣ, дегшӯӣ, кӯза, кандоб, яхмос, чилим, шамъдон, харбузатарошак ва ғ. навъҳои маъмули ашь­ёҳои мисӣ буданд. Дар гузашта мис дар муомилоти пулии Осиёи Миёна мавқеи калон дошт. Мас. дар асри 15 дар шаҳрҳои Осиёи Миёна тангаҳои мисии Улуғбек дар муомила буд. Дар асри гузашта заргарони тоҷик мисро ҳамчун материали ороишӣ (мисли тилло ва нуқра) низ исти­фода бурдаанд. Ҳунари Мисгарӣ имрӯз ҳам маъмул аст. Мас., устоҳо Мулломуқаддам Мукаррамов ва Абдусалом Ҳамидов (Бухоро) дар лаълиҳои худ расми ёдгориҳои меъморӣ—мақбараи Исмоили Сомонӣ, мадрасаи Мири Араб, дарвозаи арки Бухоро ва ғ-ро нақш бандондаанд. Коллек­цияи ашьёҳои мисини устоҳои то­ҷик дар фонди музеи Институти таърихи АФ РСС Тоҷикистон, Дар Музеи муттаҳидаи республикавии таърихӣ-кишваршиносӣ ва санъати тасвирии ш. Душанбе, Музеи таърихӣ-кишваршиносии вилояти Ленинобод ва дар музейҳои Бухоро, Самарқанд, Тошкент ва ғ. гирд оварда, нигоҳ дошта мешаванд. Ҳоло дар артельҳо ва иттиҳодияҳои ҳунрмандии Тоҷикистон санъати мисгарӣ ривоҷ дошта, мисгарон дар дар амали худ услубҳои анъанавӣ ва муосирро ба ҳам пайвастаанд.

Л. Мезурнова

 «Мискин» (ар. Бечора, бадбахт, ғариб), як силсила асарҳои мусиқии классики тоҷик, ки ба сифати назира ба мақомҳо аз тарафи ҳофизон ва бастакорони халқӣ эҷод шудаанд. Ба мисли «Баёт» ва «Ушшоқ» «Мискин» вариантҳои гуногун дорад ва бо номи «Мискин» якум «Мискин»-и дуюм ва ғ. маълум аст. «Мискин» бо усулҳои гуногуни мусиқӣ иҷро карда мешавад.  Яке аз вариантҳои «Мискин» бо номи «Савти Мискин» машҳур аст, ки бо усули «Соқинома» иҷро мешавад.

А. Низомов.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …