Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / МИЛЛАТЧИГӢ

МИЛЛАТЧИГӢ

millatchigiМИЛЛАТЧИГӢ, идеология ва сиёсати буржуазӣ ва майдабуржуазиест дар ҳалли масъалаи миллӣ.

Заминаи синфию иҷтимоии Миллатчигиро моликияти хусусӣ, нобаробарии иҷтимоии халқҳо, истисмори миллатҳои мазлум ва решаҳои гносеологии онро идеологляи иртиҷоии синфҳои ҳукмрон ташкил медиҳанд. Марксизм-ленинизм Миллатчигӣро маҳсули дав­раи муайяни тараққиёти ҷамъият дониста, характери таърихии онро аз ҷиҳати илмӣ асоснок намуд. Миллатчигӣ идеологияест, ки миллатро чун умумияти ғайритаърихӣ ва беруназсинфӣ тавсиф мекунад. Миллатчигии синфҳои мазлум, шовинизми миллатҳои золим, фашизмt маоизм, панаф­риканизм, пангуркизм, панарабизм, нажодпарастӣ ва ғ, шаклҳои таъри­хии Миллатчигӣ мебошанд. Капитализм боиси ривоҷу равнақи Миллатчигӣ гардид. Синфҳои истисморгар тавассути Миллатчигӣ дар байни миллату халқҳои гуногун тухми ки­ну адоват, низою нобоварӣ ва душманӣ кошта, онро ҳамчун омили мустаҳкамгардонии ҳукмронии синфии худ ва истисмори васей оммаи меҳнаткашон истифода мебаранд. Миллатчигӣ манфиатҳои ақаллияти синфу гурӯҳҳои иҷтимоиро ифода намуда, ба манфиати халқи меҳнаткаш ва прогресси ҳаёти ҷамъиятӣ мухолиф аст. Миллатчигӣ дар давраи болоравии ҳаракати революционӣ шуури синфии пролетариатро тира намуда, иттифоқи революционии онро вайрои мекунад. Мас., дар арафаи Револютсияи Кабири Социалистии Октябрь ва баъди ғалабаи он дар Осиёи Миёна ҷараёнҳои миллатчигии панисламизм (миллатчигии динӣ), паптуркизм (миллатчигии этникӣ) ва ғ. дар назди худ ҳамин гуна мақсад гузошта буданд. Намояндагони ташкилотҳои «Шӯрои исломии», «Шӯрои уламо», «Алаш», «Турк одам марказияти» ва ҳаммаслакони онҳо таҳти шиорҳои бардурӯғи «озодии миллат», «барои мусулмонон», «ташкили автономияи миллӣ» манфиатҳои синфҳои хукмрони сарнагуншударо ҳимоя мекарданд. Марксизм нисбат ба ҳама гу­на шаклҳои Миллатчигӣ оштинопазир аст. «Миллатчигии буржуазӣ ва интернациоиализми пролетарӣ — ана ду шиори ба ҳамдигар душмани оштинопазир, ки ба ду лагери бузурги син­фии тамоми дунёи капиталистӣ мувофиқанд ва ду сиёсатро (зиёда аз. он: ду ҷахонбиниро) дар масъалаи миллӣ ифода мекунанд» (Ленин В. И., Ас., ҷ- 20, саҳ. 11). Бо вуҷуди он дар ҳаракатҳои озодихоҳии миллӣ даврае фаро мерасад, ки дар он мубори­заи халқҳои мазлумро барои истиқлолияти иҷтимоӣ, миллӣ ва зидди империализм программа ва идеологияи Миллатчигӣи онҳо ифода менамояд. Дар ин сурат партияҳои коммунистӣ ва коргарӣ унсурҳои демократӣ ва прогрессивии программаи онҳоро дастгирӣ намуда, дар айни ҳол бар зидди талаботҳои миллие, ки ба манфиати халқҳои дигар мухолиф аст, баромад мекунанд (Ленин В. И., Ас., ҷ. 20, саҳ. 440). Дар таърихи афкори ҷамъиятии халқи тоҷик қаноти буржуа­зию демократии ҷадидизм, ки муносибатҳои ҷамъиятӣ, системаи маорифу маданият, анъанаҳои патриархалқию феодалии аморати Бухороро беамон танқид карда, дар онҳо гузаронидани баъзе тағйирот ва ислоҳотро талаб намуда буданд, то андозае роли мусбат бозидааст. Бо ташаббуси намояндагони он дар як қатор шаҳру районхои Осиёи Миёна мактабҳои русии маҳаллӣ кушода шуданд, ки шумораи онҳо дар арафаи Ҷанги якуми ҷаҳонӣ ба 50 расида буд (2100 хонанда). Дар хонии Бухоро ва Туркистон мактабҳои методи нави таълимӣ пайдо шуданд, ки ба бедории маънавии мехнаткашон таъсири мусбат расонидаанд. Партияҳои коммунистӣ ва коргарӣ болоравии ҳаракати озодихоҳии халқҳои бедоршударо ба инобат гирифта, нуқтаи лелинии баҳо додаи ба Миллатчигиро мутобиқ ба давраи гузариши инсоният аз капитализм ба со­циализм инкишоф медиҳанд (Программаи КПСС, Д., 1979, саҳ. 46—50), Миллатчигии имрӯза бо ревизнонизм, оппор­тунизм ва антикоммунизм қаробати ғоявӣ дорад. Онҳо Миллатчигиро асос намуда, бо ёрии назарияҳои ғайриилмии «модели миллии социализм», «коммунизми миллӣ» ва ғ. кӯшиш мена­моянд дар сафҳои ҳаракати корга­рӣ ҷудоӣ ба вуҷуд оранд.

Дар дохили мамлакат ва арсаи байналхалқӣ ба муқобили Миллатчигӣ мубориза бурдан вазифаи революционии ҳар як партияи коммунистӣ аст. Ғалабаи социализм дар СССР решаҳои синфӣ, иҷтимоӣ ва гносеологии Миллатчигиро абадӣ нест намуда, заминаи дӯстӣ ва ҳамкории бародаронаи миллатҳои социалистиро фароҳам овард, Лекин баъзе унсурҳои Миллатчигӣ ҳанӯз ҳам дар шуури қисми ками одамони со­ветӣ барҷоанд. Асоси онро на таби­ати сохти социалистӣ ва фитрияти психологияи миллӣ, балки мавҷудияти як қатор омилҳо, аз қабили дур шудан аз принципҳои социализм, ҳомии сиёсӣ ва маҳдудияти тафаккури аъзоёни алоҳидаи ҷамъият, дар да­раҷаи муайян аз ҳастии ҷамъиятӣ қафо мондани шуури одамон, мавҷудияти миллӣ, ҷонсахтии анъанаҳои кӯҳна, инчунин таъсири идеологияи буржуазӣ ташкил медиҳад. Ҳурофотҳои мазкур барои ба сӯи коммунизм бомуваффақият пеш рафтани мамлакати мо, пойдории дӯстию ҳамкории одамони советӣ таъсири манфӣ мерасонанд. Аз ин рӯ, халқи советӣ бо роҳбарии КПСС «ба муқобили зуҳурот ва боқимондаҳои ҳар гуна миллатчигӣ ва шовинизм, ба муқобили майлҳои маҳдудият ва мустасногия миллӣ, майлҳои идеализация кардани замони гузашта ва рупӯш намудани зиддиятҳои социалӣ дар таърихи халқҳо, ба муқобили урфу одатҳое, ки ба сохтмони коммунистӣ халал мерасонанд», собитқадамона муборизаи оштинопазир мебарад (Программаи КПСС, Д., 1979, саҳ 111), Партияҳои коммунистӣ ва коргарии давлатҳои дигар якҷоя оо мамлакатҳои социалистӣ барои бартараф кардани Миллатчигӣ, мустаҳкам наму­дани дӯстию бародарӣ, сулҳу амонии халқҳои ҷаҳон мунтазам мубориза мебаранд. Партияҳои коммунистӣ дар рафти мубориза ба сиёсати қатьиян риоя кардани баробарӣ ва мус­тақилии халқу миллатҳо, инкишофи муътадили ҳаёти иқтисодию маданӣ ва ягонагии хусусиятҳои миллӣ ва интернационалии онҳо диққати ҷиддӣ меднҳанд.

Ад.: Маркс К. и Энгельс Фоколониальной системе капитализма, да.1959; Ленин В. И., Синфи коргар масъалаи миллӣ. Ас., ҷ. 19; ҳамон муалл. О национальном и национально-колони­альном вопросе (Сб.), М., 1956; Програм­маи КПСС, Д., 1979; Программные доку­менты борьбы за мир, демократию сотсиализм. М.. 1961; Материалаҳо съезди 25, 26 КПСС Д. 1976—81; Шарипов. И. Предпосылки преобразовании общественных отношений в Таджикистане на пути некапиталистического развития, ч. Ё. Д. 1973: Грошев И. И., Борьба партии против национализма М., 1974; ИоРдан М. В., Интернационализм против национализма. М., 1980, Ниг. Инчунмн ба ад. мақолаҳои Масъалаи миллӣ, Mиллат.

С. Ҷононов.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …