Маълумоти охирин
Главная / Илм / Менеску Маня

Менеску Маня

Менеску   Маня    (таваллуд   09.08. 1916,  Брэила),    ходими    давлатии Республикаи Сотсиалистии  Руминия,  олим-иқтисодчӣ,  аъзои ҳақиқии АФ  PСP   (1974),  Қаҳрамони  Меҳнати  Сотсиа­листӣ  (1971).    Аз   оилаи коргар. Соли 1940 Академияи саноатӣ-тиҷоратии Бухарестро хатм кард Аз соли 1936 аъзои Партияи Коммунистии Руминия. Баъди озодшавии Руминия аз фашизм солҳои 1945—1949 аввал дар  Плоешти ва баъд дар аппарати   КМ ПКР   дар   корҳои   партиявӣ   буд.    Солҳои    1950—1951 ҷонишини   раиси   Госп­лан, 1951—1954 сардори  Управления марказии статистикӣ,    1955—1957    вазири   молия,   1957—60   ҷонишини   раиси Комиссияи   иқтисодии   КМ ПКР.  Аз соли 1960 аъзои КМ ПКР. Солҳои 1960— 1965  мудири  шӯъбаи  мактабҳо  ва нигаҳдории тандурустии КМ ПКР, 1965-1973  котиби КМ ПКР. Аз июни 1966 то декабри 1968 номзад ба  аъзоии  Комиҷроияи  КМ ПКР.  Аз  декабри 1968 аъзои Комиҷроияи КМ ПКР.  Солҳои  1967—1972  раиси  Совети иқтисодии РСР, 1969—1972 ҷонишини  раиси  Сове­ти  давлатии РСР. Аз октябри 1972 то марти 1974 ҷонишини раиси  Совети  Вазирони РСР, раиси Госплан. Аз феврал 1971 то марти 1974 аъзои Президиуми доимии КМ ПКР. Аз марти 1974 то марти 1979 сарвазири РСР. Дар соҳаи статистика, кибернетикаи иқтисодӣ, техникаи электронии ҳисоббарорӣ чанд асари илмӣ дорад.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …