Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / «МЕҲНАТКАШЛАР ТОВУШӢ»

«МЕҲНАТКАШЛАР ТОВУШӢ»

«МЕҲНАТКАШЛАР ТОВУШӢ», аз аввалин газетаҳои давраи советӣ, органи КП ва Советӣ депутатҳои меҳнаткашони вил. Самарқанд. Аз июни 1918 то нимаи дуюми соли 1924 дар ш. Самарқанд ба забони ӯзбекӣ бо тиражи 2—3 ҳазор нусха чоп мешуд. «Меҳнаткашлар товушӣ» ҳамчун нахустин газета» советии миллӣ дар тарғиби ақидаҳои революционӣ, мустаҳкам намудани ғалабаи советҳо, инкишофи илму маориф ва маданият роли калон бозидааст. Дар газета як гурӯҳ адибону публпцистони тоҷик С. Айнӣ, С. Ализода, Муин, А. Курби ва диг. ҳамкорӣ кардаанд.

И. Услонов.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …