Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / «МЕҲМОННОМАИ БУХОРО»

«МЕҲМОННОМАИ БУХОРО»

kitob«МЕҲМОННОМАИ БУХОРО» асари таърихии Афзалуддин Фазлуллоҳ. «Меҳмонномаи Бухоро» соли 1509 навишта шуда, аз муқаддима ва 59 боб иборат аст. Муаллифи асар доир ба юриши Шайбониҳои ба Ӯзганд, Сиғноқ, дашти Қипчоқ ва маҳалҳои диг. маълумот медиҳад. Баъзе бобҳои китоб ба ҳаёти иқтисодию иҷтимоӣ, сиёсӣ ва маданӣ, аз ҷумла ба тарзи заминдории феодалӣ, истифодаи меҳнати ғуломон дар хоҷагии қишлоқ хариду фурӯши онҳо, ёдгориҳои меъмории Самарқанду Бухоро бахшида шудааст. Дар «Меҳмонномаи Бухоро» муносибатҳои байни ҳамдигарии халқҳои муқимӣ ва бодиянишин, алоқаҳои тиҷоратии байни онҳо, шаҳрҳои Осиёи Миёна ва Роли онҳо дар ҳаёти иқтисодиву иҷтимоӣ ва сиёсии халқии ин сарзамин акс ёфтаанд. «Меҳмонномаи Бухоро» роҷеъ ба таърихи а-ҳои 15— 16-и Осиёи Миёна 13 сарчашмаҳои муҳим ба ҳисоб меравад. Нусхаҳои алоҳидаи асар дар китобхонаҳои Туркия ва Эрон, инчунин таҳти рақами 5029 дар захираи Дастнависҳои шарқии Институти шарқшиносии АФ РСС Ӯзбекистон маҳфуз аст. Тарҷумаи русии «Меҳмонномаи Бухоро» соли 1976 дар Москва нашр шуд.

Ад.: Фазлаллаҳи ибни Рузбихан Исфахани, Михман-наме-йи Бухара (Записки бухарского гостя), М.,

А. Валиев.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …