Маълумоти охирин
Главная / Илм / МАВҶИ ЗАРБАТӢ

МАВҶИ ЗАРБАТӢ

mavchМАВҶИ ЗАРБАТӢ, соҳаи гузариши тангбар (ҳангоми якбора афзудани фишор, ҳарорат, суръат ва зичии модда), ки нисбат ба муҳит бо суръати фавқуссадо паҳн мешавад. Мавҷи зарбатӣ ҳангоми таркиш (ниг. расм), ҳаракати ҷисмҳо бо суръатҳои фавқуссадо, разрядҳои электрии пуриқтидор ва ғ. ба вуҷуд меояд. Мавҷи зарбатиро дар лаборатория дар гулбаҳои зарбатӣ, ки аз камераҳои баландфишор (пури гази корӣ) ва пастфишор (пури гази тадқиқшаванда)-и аз якдиrap бо диафрамма ҷудокардашуда иборатанд, ҳосил мекунанд. Ҳангоми пора шудани диафрамма гази корӣ васеъ мешавад ва дар камераи шафат Мавҷи зарбатӣ ба вуҷуд меояд. Қонуниятҳои пайдоиш ва паҳншавии Мавҷи зарбатиро гидродинамика ва динамикаи газ меомӯзад.

Мавҷи зарбатии таркиши ядроии ҳавоӣ.

Дар назарияи таркишҳо Мавҷи зарбатӣ гуфта ҳамаи он массаи муҳит (одатан ҳаво)-ро мефаҳманд, ки фишурда ва ба ҳаракат оварда шудааст; сатҳи ҳудуди байни муҳити фишурда ва муҳити ноангехтаро (ки дар ҳаракат аст) бошад, фронти Мавҷи зарбатӣ меноманд. Дар мавриди таркишҳои ядроӣ барои дар муҳит (ҳаво, об, замин) ҳосил шудани Мавҷи зарбатӣ қариб 50% энергияи таркиш сарф мешавад.

Мавҷи зарбатӣ дар физика, химия, техника барои омӯхтани ҳолатҳо ва табаддулоти модда ҳангоми фишор ва ҳароратҳои баланд, ба амал овардани гузаришҳои фазавии гуногун (мас., аз графит ҳосил кардани алмоси сунъӣ), тағйир додани рафти реакцияҳои химиявӣ дар муҳитҳои гуногун ва ғ. истифода мешавад.

Ад.: Зельдович Я. ,Врайзер Ю. П., Физика ударных волн и высокотемпературных гидродинамических явлений, 2 изд.. М., 1066.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …