Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / МАДРАСАИ АБДУЛАЗИЗХОН

МАДРАСАИ АБДУЛАЗИЗХОН

МАДРАСАИ АБДУЛАЗИЗХОН, ёдгории меъмории асри 17 дар Бухоро. Соли 1652 дар аҳди Абдулазизхон сохта шудааст. Дар он анъана ва комёбиҳои санъати меъмории тоҷик истифода шудааст. Мадрасаи Абдулазизхон аз ҷиҳати бандубаст ва ороиш аз мадрасаҳои анъанавии Бухорост. Мадрасаи Абдулазизхон пештоқи калон, гулдастаҳо, ҳуҷраҳои дуошёнаи пешашон равоқбанди, айвонҳои барҳаво ва дарсхонаҳои калон дорад. Барои ҳашаматнок шудани Мадраса пештоқро хеле баланд бардоштаанд, ки таносуби композиционии он халалдор шудааст. Ду бурҷи онро тоҷчаҳои заминашон хотамкориву кошикорӣ оро додаанд. Косабағали пештоқ муқарнаскорӣ буда, дар поёнаш се тоқи даричадор ва поёнтар боз се тоқи нисбатан калонтар дорад, ки марказиаш даромадгоҳ аст.

МАДРАСАИ АБДУЛАЗИЗХОН

Пеши он бо нақшҳои майдаи печ дар печи рангоранг кошию ҳошиякорӣ шудааст. Байни нақшҳои мураккаб симурғҳои ба сӯи офтоб парвозкунанда тасвир ёфтаанд, ки ин кӯшиши навоваронаи устоҳои ороишдиҳанда аст. Интерьери Мадрасаи Абдулазизхон (махсусан дарсхонаҳо) бо фаровонии нақшунигораш аз дигар мадрасаҳо фарқ мекунад. Дар ин ҷо гулдонҳо бо дастаи гулҳои рангоранг, манзара, боғот, қасрҳои афсонавӣ тасвир ёфтаанд, гаҷкориву усули наққоши кундал васеъ истифода шудааст. Девори намоҳои ҳавлӣ низ бо тасвири гулдону дастаҳои гул оро дода шудаанд. Дар катибаи Мадрасаи Абдулазизхон номҳои сармеъмор Муҳаммадсолеҳ, кошикор Мимҳоқон ибни Хоҷа Муҳаммадамин сабт ёфтаанд. Едгорӣ дар муҳофизати давлат вст.

Ад.: Пугаченкова Г. А.. Ремпель Л. И., История искусств Узбекистана, М., 1965.

А. Мирбобоев.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …