Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / МАДРАСАИ АБДУЛАЗИЗХОН

МАДРАСАИ АБДУЛАЗИЗХОН

МАДРАСАИ АБДУЛАЗИЗХОН, ёдгории меъмории асри 17 дар Бухоро. Соли 1652 дар ахди Абдулазизхон сохта шудааст. Дар он анъана ва комёбихои санъати меъмории точик истифода шудааст. Мадрасаи Абдулазизхон аз чихати бандубаст ва ороиш аз мадрасахои анъанавии Бухорост. Мадрасаи Абдулазизхон пештоки калон, гулдастахо, хучрахои дуошёнаи пешашон равокбанди, айвонхои бархаво ва дарсхонахои калон дорад. Барои хашаматнок шудани Мадраса пештокро хеле баланд бардоштаанд, ки таносуби композиционии он халалдор шудааст. Ду бурчи онро точчахои заминашон хотамкориву кошикори оро додаанд. Косабагали пешток мукарнаскори буда, дар поёнаш се токи даричадор ва поёнтар боз се токи нисбатан калонтар дорад, ки марказиаш даромадгох аст.

МАДРАСАИ АБДУЛАЗИЗХОН

Пеши он бо накшхои майдаи печ дар печи рангоранг кошию хошиякори шудааст. Байни накшхои мураккаб симургхои ба суи офтоб парвозкунанда тасвир ёфтаанд, ки ин кушиши навоваронаи устохои ороишдиханда аст. Интерьери Мадрасаи Абдулазизхон (махсусан дарсхонахо) бо фаровонии накшунигораш аз дигар мадрасахо фарк мекунад. Дар ин чо гулдонхо бо дастаи гулхои рангоранг, манзара, богот, касрхои афсонави тасвир ёфтаанд, гачкориву усули наккоши кундал васеъ истифода шудааст. Девори намохои хавли низ бо тасвири гулдону дастахои гул оро дода шудаанд. Дар катибаи Мадрасаи Абдулазизхон номхои сармеъмор Мухаммадсолех, кошикор Мимхокон ибни Хоча Мухаммадамин сабт ёфтаанд. Едгори дар мухофизати давлат вст.

Ад.: Пугаченкова Г. А.. Ремпель Л. И., История искусств Узбекистана, М., 1965.

А. Мирбобоев.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.