Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / Маданияти Калтаманор

Маданияти Калтаманор

МАДАНИЯТИ KAЛTAMAHOP – маданияти археологии давраи неолит ва энеолит (ҳазораҳои 4 – 2 то мелодро дар назар дорад). П. Толстое солҳои 1939—40 ва 1945 ёдгориҳои Маданияти Калтаманорро дар деҳаи Калтаманори ноҳияи Тӯрткӯли Қароқалпоқ кашф ва тадқиқ намуд. Ноҳияҳои асосии паҳншавии Маданияти Калтаманов— резишгоҳи дарёи Аму, Узбои Боло, Моҳандарё, инчунин шимолу шарқии Наздиарал Осори Маданияти Калтаманов аз теппае ёфт шудааст, ки сатҳи он ҳамвор буда, аз ходачаҳо ва най чайлаи калон сохта шудааст. Аз ҷои чайла зиёда аз 20 оташдон, ангишт, инчунин қадимтарин зарфи сафолӣ дар Осиёи Миёна ёфт шудааст.

Ҷанбас Қалъа (Асри 10 пеш аз мелод дар Қароқалпоқ)
Ҷанбас Қалъа (Асри 10 пеш аз мелод дар Қароқалпоқ)

Аз атрофи ҳар як оташдон устухони моҳӣ, хуки ваҳшӣ, пӯсти тухмҳои мурғобӣ, қоз, донаҳои санҷиди кӯҳӣ, олоти гуногуни бурранда аз чахмоқсанг ва дигар ашьёҳо, садафҳои уқёнуси Ҳинд ба даст омаданд. Иқоматгоҳи масоҳаташ тақрибан 300 метри мукааб низ кушода шудааст, ки боми онро сутунҳо нигоҳ медоштаанд. Устухонҳои моҳӣ ва паррандаҳо шаҳодат медиҳанд, ки аҳолии Маданияти Калтаманов бо шикор ва моҳигирӣ машғул будааст. Солҳои 1950—53, 1960—66 дар водии Зарафшон ва Қашқадарё зиёда аз 60 ёдгории Маданияти Калтаманов кашф ва тадқиқ карда шуд. Ашёҳои Маданияти Калтаманов дар Қазоқистон, Сибир, Ҳиндустон ва дигар ҷойҳо дучор мешаванд, ки онҳо дар бораи равобити қабилаҳои ин кишварҳо бо аҳолии Маданияти Калтамонов шаҳодат медиҳанд.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …