Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / МАДАНИЯТИ ҚАРОСУҚ

МАДАНИЯТИ ҚАРОСУҚ

МАДАНИЯТИ ҚАРОСУҚ, маданияти археологии охири асри биринҷӣ. (охири ҳазораи 2—ибтидои ҳазораи 1 то м.). Асосан дар кӯҳҳои Сибири Ҷанубӣ, Қазоқистон, болооби дарёи Обь паҳн буд. Ёдгории асосии Маданияти Қароқус боқимондаи бошишгоҳу қабрҳо мебошад. Майитҳо дар қуттиҳои сангӣ гӯронида, болои онҳо хокпӯш, атрофашон бо тахтасангҳо ба шакли чоркунҷа иҳота карда мешудаанд. Қабилаҳои Маданияти Қароқус бо чорводорӣ машғул буда, маъдани мис истеҳсол ва зарфҳои сафолию матоъҳои пашмин тайёр карда, деҳқониро низ медонистанд; онҳо бо аҳолии қадими Муғулистон, Забайкалия, Наздибайкаль, Сибири Ғарбӣ, Осиёи Миёна робита доштанд.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …