Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / Луқмони Ҳаким

Луқмони Ҳаким

ЛУҚМОНИ ҲАКИМ – ҳакими афсонавиест, ки ба образи бадеӣ табдил ёфтааст. Дар эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик, хусусан дар ҳикояву афсонаҳои реалию маишӣ ва нақлу ривоятҳо мавқеи ин образ хеле ка­лон аст. Аз рӯи тасвирӣ асарҳои халқӣ Луқмони Ҳаким шахси фозил ва донишманди бузурге мебошад. Вай инчунин табиби ҳозику пурдонест, ки вазнинтарин беморон аз дасти ӯ шифо меёбанд.

Луқмони Ҳаким

Луқмони Ҳаким дар адабиёти хаттӣ низ ҳамчун образи мусбат маъмул аст. Баъзе гӯяндагони халқӣ ҳикояҳои дар бораи Луқмони Ҳаким   гуфташударо ба Абӯалӣ Ибни Синҳо нисбат медиҳанд ва Луқмони Ҳакимро ҳамон Абӯалӣ Ибни Сино мешуморанд.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …