Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ҚАҲҲОРОВ Абдулаҳад

ҚАҲҲОРОВ Абдулаҳад

kahhorov-a

ҚАҲҲОРОВ Абдулаҳад (17. 4.1913 ш. Конибодом —12. 2. 1984, ш. Душанбе), ходими давлатӣ ва партиявии советӣ. Аз оилаи косиб. Аъзои КПСС аз с. 1939. Ин-ти давлатии педагогии Ленинобод ба ном и С. М. Киров (1954) ва Курск яксолаи азнавтайёркунии коркунони роҳбарикунандаи партиявию советии назди КМ КПСС-ро (1956) хатм намудааст. Фаъолияти меҳнатиро аз 17-солагӣ ба сифати инспектори Шуъбаи меҳнати округи Хуҷанд cap кард. С-ҳои 1930—39 дар вазифаҳои гуногуни роҳбарикунанда кор кардааст. С-ҳои 1939— авв. 1942 мудири шуъбаи пропаганда ва агитацияи Комитети партиявии р-ни Панҷакент буд. С. 1942 дар сафи Армияи Советӣ ҳамчун комиссари баталёни алоҳидаи тирандоз хизмат кард. Аз ох. с. 1942 то с. 1947 мудири шуъбаи пропаганда ва агитацияи Комитети партиявии вил. Ленинобод, котиби якуми комитетҳои партиявии р-нҳои Колхозчиён ва Нов буд. С-ҳои 1947— 35 котиб ва котиби дуюми Комитети партиявии вил. Ленинобод, раиси Комитети иҷроияи Советӣ депутатҳои меҳнаткашони ҳамин вилоят, 1956—61 ҷонишини Раиси Совети Вазирон ва раиси Госплани РСС Тоҷ., 1961—73 Раиси Совети Вазирон ва дар айни замон вазири корҳои хориҷии РСС Тоҷ. Аз с. 1973 нафақахури шахсии дараҷаи умумииттифоқӣ. Дар съездҳои 22—24-уми КПСС номзад ба аъзоии КМ КПСС интихоб шудааст. Аъзои бюрои КМ ПК Тоҷ. (1961—73). Депутати Советӣ Олии СССР (даъватҳои 5—8) ва РСС Тоҷ. (даъватҳои 2—9). Муаллифи мақолаву китобҳои зиёдест дар мавзуъҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ ва адабӣ. «Дружеская помощь и взаимовыгодное сотрудничество» (М.,1959; «Ёрии бародарона ва ҳамкории судбахш»), «Кумаки Иттифоқи Советӣ ба мамлакатҳои Шарқ.». (Сталинобод, 1960), «Африка озоду шукуфон гардид» (Д., 1962), «Дар партави озодӣ» (Д., 1966), «Роҳҳо ва мулоқотҳо» (Д., 1967), «Дилҳои пурошуб» (Д., 1974) аз ҳамин қабиланд. Коркуни Хизматнишондодаи Маданияти РСС Тоҷ. (1973). Бо се ордени Ленин, ордени Революцияи Октябрь, бо се ордени Байрақи Сурхи Меҳнат, орденҳои Ҷанги Ватанӣ (дараҷаҳои 1 ва 2), медалҳо ва Грамотаҳои Фахрии Президиуми Советӣ Олии РСС Тоҷ. мукофотонида шудааст.

М. Искандаров.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …