Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Журнали «Паёми навин»

Журнали «Паёми навин»

«Паёми навин» (то соли 1955 «П а ё м и на в»), журнали ҳармоҳаи адабию иҷтимоии эронӣ; наш­рияи Анҷумани равобити фарҳангии Эрон бо Иттифоқи Советӣ. Шумораи аввалинаш июли 1944 дар Теҳрон нашр шудааст. Муҳаррирони «Паёми навин» солҳои гуногун профессор Саид Нафисӣ, нависандагон Бузурги Алавӣ ва Бедозин буданд. «Паёми навин» бо нияти ривоҷ додан ва мустаҳкам намудани робитаҳои фарҳангӣ ва дустии байни Эрону Иттифоқи Советӣ ташкил ёфта буд. 66 -шумораи он ба табъ расид.

Соли 1955 бо дахолати ҳукумати шоҳаншоҳӣ нашраш қатъ гардид. Соли 1958 аз нав барқарор шуд. «Паёми навин» осори нависандагон ва олимони Эрону Иттифоқи Советиро интишор намудааст. Дар он доир ба ҷараёни зиндагӣ ва фаъолияти сиёсии Владимир Илич Ленин, ҳаёту эҷодиёти на­висандагони гузаштаву ҳозираи рус ва дигар халқҳои СССР (Александр Пушкин, В. Белинский, Лев Толстой, Н. Гоголь, М. Лермонтов, А. Чехов, Максим Горкий, Михаил Шолохов, Чингиз Айтматов, Расул Гамза­тов ва дигар) мақолаҳо дарҷ ёфтаанд.

Дар «Паёми навин» инкишофи илм, адабиёт ва иқтисодиёти Тоҷикистон ҳам инъикос шудааст. Дар он осори Садриддин Аинӣ, Пайрав, Мирзо Турсунзода, Б. Раҳимзода, Пӯлод Толис, Муъмин Қаноат, Қ. Ки­ром ва мақолаҳои Ҳ. Солеҳбоев «Фарҳанги Тоҷикистон», 3. Хоҳаев «Институти тиббии Сталинобод», А. Мадаминов «Ҷумҳурии Тоҷикистон», Р. Ҳошим «Насри имрӯзаи Тоҷикис­тон», А. Сурков «Ғазалсарои тоҷик* (дар бораи Мирзо Турсунзода) ва ғайра ба табъ расидаанд. Солҳои охир нашр шудаааст.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …