Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / Истироҳатгоҳ

Истироҳатгоҳ

ХОНАИ ИСТИРОҲАТ, муассисаи беҳдоштиест, ки режими муқаррарии дамгирӣ дорад ва барои истироҳати одамони солим пешбинӣ шудааст. Якумин Хонаи бачагон дар СССР бо ташаббуси В. И. Ленин с. 1920 дар Петроград ташкил шуда буд. Хонаҳои истироҳати умумӣ (барои калонсолон) ва махсус (оилавӣ, барои занҳои ҳомила, ҷавонон, байниколхозӣ, соҳили дарёвию баҳрӣ ва ғ.) мешаванд. Онҳо барои дамгирии якрўзаа, 12-рўза ва 24-рўза таҳия шу- даанд.

istirohatgoh

Кори Xонаи бачагон доимӣ (тамоми сол) ё мавсимӣ мешавад. Дар Xонаи бачагон барои бештар ҳавои тоза гирифтан, саёҳат, экскурсияҳо, машқҳои ҷисмонӣ ва спортӣ, бо туризм машғул шудан имконияти хуб муҳайёст.

Қисми асосии путёвкаҳоро ба хонаҳои истироҳат комитетҳои маҳаллии иттифоқҳои касаба бепул ё фақат 30% нархашро гирифта медиҳанд. Дар Тоҷикистон се Xонаи бачагон («Қаpoтоғ», «Явроз», «Конибодом») ва як пансионат (дар Қаротоғ) ҳаст. Дар хонаҳои истироҳатии номбурда на фақат меҳнаткашони Тоҷикистон, инчунин сокинони дигар республикаҳои бародарӣ истироҳат мекунанд. И, С. Раҷабов.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …