Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ХОҶАМБЕРДИЕВ Эгамбердӣ

ХОҶАМБЕРДИЕВ Эгамбердӣ

hojamberdiev

ХОҶАМБЕРДИЕВ Эгамбердӣ (тав. 1912, деҳаи Ошобаи раёни Ашт), иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941—45), дорандаи се ордени Шараф (дараҷаҳои 3, 2, 1), сержанти калон. Аъзои КПСС аз с. 1943. То саршавии Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар шуъбаи милицияи раёни Қалъаи Лабиоб кор мекард. Аз с. 1941 дар сафи Армияи Советӣ. Тупчии Дивизияи тирандозии 330-юми Байрақи Сурхдори Могилёв буд. Xоҷамбердиев дар задухўрди наздн деҳаи Каницаи Польша (дек. 1944) корнамоӣ нишон дода, бо ордени Шараф (дараҷаи 3) мукофотонида шуд. Ў дар ҳуҷуми қўшунҳои советӣ ба ш. Гдын иштирок карда, дидбонгоҳ, 3 нуқтаи оташфишонӣ ва 10 душманро маҳв намуд ва сазовори ордени Шараф (дараҷаи 2) гардид. Xоҷамберидев дар наззди ш. Магдебург бо оташи туп 2 пулемёт, миномёт ва зиёда аз 20 аскари душманро нест кард. Барои ин ҷасорату корнамоияш сазовори ордени Шараф (дараҷаи 1) гард ид. Баъди ҷанг дар Адрасмон кор кард. Ҳоло нафақахўри шахсӣ.

Л. П. Сечкина.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …