Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / ХИМИКОНИИ ХОҶАГИИ ҚИШЛОҚ

ХИМИКОНИИ ХОҶАГИИ ҚИШЛОҚ

ХИМИКОНИИ ХОҶАГИИ ҚИШЛОҚ, истифодаи моддаҳои химиявӣ дар ҷараённ истеҳсолоти хоҷагии қишлоқ; яке аз унсурҳои асосии интенсивонии хоҷагии қишлоқ ки ба афзоиши маҳсулоти хоҷагии қишлоқ нигаронида шудааст. Xимиконии хоҷагии қишлоқ як ҷузъи химиконии хоҷагии халқ мебошад, ки он ба саноати химия асос ёфтааст. Xимиконии хоҷагии қишлоқ масъалаҳои истифодаи нуриҳои минералӣ, воситаҳои химиявии ҳифзи растанию ҳайвонот аз зараррасону касалиҳо, воситаҳои мубориза бо алафҳои бегона, ба кор бурдани масолеҳи химиявӣ дар чорводори, полимерҳо ва дигар маснуоти химиявӣ дар мелиорацияи замин ва ғайраро дар бар мегирад.
Истифодаи нуриҳои минералӣ якс аз масъалаҳои асосии Xимиконии хоҷагии қишлоқ мебошад. Соли 1982 хоҷагии қишлоқи республика 130,6 ҳазор тон нуриҳои нитрогендор. 70,9 ҳазор тон нуриҳои фосфордор, 17,2 ҳазор тон нуриҳои калийдор гирифт. Дар хоҷагии қишлоқ истифодаи нуриҳои моеъ (махсусан нуриҳои нитрогендор ва микронуринҳо) ва нуриҳон бактериявӣ низ меафзояд. Аз нуриҳои бактериявӣ дар хоҷагии қишлоқ бештар нитрагдаро истифода мебаранд.
Дар СССР, аз ҷумла дар Тоҷикистон, усулҳои мелиорацияи химиявии заминро самарабахш истифода мекунанд. Гачандозӣ ва оҳакандозӣ туршии хокро паст карда, таркиби химиявӣ ва ҳосилхезии онро беҳтар мегардонад. Дар хоҷагии қишлоқ барои тезонидани рушди растанӣ ва афзудани ҳосили он, решадавонии қаламча ва расиши мева танзимкунандав рушди растаниҳо (гиббереллинҳо, кининҳо, ауксинҳо ва ғайраро ба кор мебаранд. Барои тезтар пухта расидани пахта, офтобпараст, канакунҷид ва ғайра аз десикантҳо ва дофолиантҳо истифода мекунанд. Соли 1982 колхозу совхозҳои республика дар 334 ҳазор га пахтазор дефолиасия ва десикасия гузарониданд.
Саноати химия барои барҳам додани зараррасону касалиҳои зироати хоҷагии қишлоқ ва алафҳои бегона моддаҳои химиявӣ, барои чорводорӣ бошад фосфатҳои хӯроки чорво, карбамид, премикс, сафедаи микробиологии хуроки чорво, орди моҳӣ, амипокислотаҳо, антибиотикҳо, витаминҳои гуногун мебарорад. Дар натиҷаи ба хуроки камсафедаи чорво ҳамроҳ кардани карбамид аз ҳар сар гов 10—12 кг зиёдтар шир медӯшанд.
Соли 1980 хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон 2,3 ҳазор тон (ба ҳисоби воҳиди шартӣ) иловаҳои химиявии хӯроки чорво гирифт.
Дар хоҷагии қишлоқ масолеҳи полимерӣ низ аҳамияти калон дорад. Масолеҳу маснуоти полимериро дар сохтмони гармхонаю парвардахонаҳо, анборҳои муваққатии ғалла, сохтмони иншооти обёрӣ, обанборҳо, тайёр кардани қубурҳои заҳбур ва ғайра фаровон истифода мебаранд.
Барои бо муваффақият ба амал баровардани Xимиконии хоҷагии қишлоқ механизасия хеле муҳим аст. Дар хоҷагии қишлоқ барои заҳролудонии тухмӣ, дезенфексия ва дезинсексия, тайёр кардани моддаҳои заҳрноки химиявӣ, пошидани нуриҳои моеъ, гербисиду фумигантҳо ва ғайра нурипошак, порупошак, тухмипошак, дорупошак, култиватор, фумигатор ва дигар дастгоҳу мошинҳои гуногунро истифода мекунаяд. Дар СССР ба инкишофи Xимиконии хоҷагии қишлоқ умури агрохимиявии давлатӣ мусоидат менамояд.
Адабиёт: Справочний книга химизации селского хозяйства, Москва, 1969; Нарзикулов (М. Н., Коваленков Л. Г., Основы интегрированной защиты хлопчатника от предителей и болезней Средней Азии, И., 1977; Народное хозяйство СССР в 1980 г., Москва, 1981. У. Раҳматуллоев.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …