Маълумоти охирин

ХАТИБ

ХАТИБ (арабӣ   — шахсе, ки хутба мехонад), корманди масъули масҷидро номанд, ки ҳангоми намози ҷумъа ва идҳои дини (рамазон ва қурбон) дар он ваъз метуфт. Баъзал вазифаи хатибро имоми масҷид низ иҷро мекунад. Xатиб бояд шикастанафсу тақводор, аз фиқҳ хуб бохабар бошад, ҳадисҳоро пурра бидонад, диққати сомеонашро ба худ ҷалб карда тавонад, аз умури дунявӣ бипарҳезад ва ғайра.

islam-koran

Бо мурури замон хатибҳо аз меъёри муқарраркардаи шариат дур гашта, ба мавзӯъҳои сиёсӣ ва иҷтимоиву ахлоқӣ диққати бештар медодагӣ шуданд. Дар бисёр мамлакатҳои ҳозираи олами ислом нуфузи хатибҳоро ба оммаи диндорон ба назар гирифта, синфҳои ҳукмрон фаъолияти онҳоро зери назорат мегиранд, масҷидро ҳамчун аслиҳаи асосии тарғиботи идеологию сиёсӣ истифода мебаранд.

Адабиёт: Аширов Н., Мусулманская проповедь, Москва, 1978.

С. Махмадуллоев.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …