Маълумоти охирин

ХАР

ХАР, маркаб, дарозгӯш (Еquus Аsinus), ҳайвонест тоқасум (аз ҷинси асп). Хари ваҳшӣ дар Африка (хари нубиягӣ ва сомалигӣ) ва Осиё (гӯр ё гӯрхар, онагр, киянг) вомехӯрад.

xar

Xар ҳайвони маъмули хонагист. Се гурӯҳи зоти хар маълум аст:
1. Хари хурдҷуссаи Африка ва Осиё (қадаш 80—105 см); зоти харҳои ин гурӯҳро дар Закавказия, Доғистон, Қазоқистон ва Осиёи Миёна мепарваранд; 2. Х.-и калонҷуссаи Африка ва Осиё (қадаш 115—135 см); ба он зоти марвӣ (РСС Туркманиистон) ва ҳамадонӣ (Эрон), ки соли 1937 ба СССР овардаанд, мансуб аст. Харҳои марвӣ ва ҳамадониро барои ба вуҷуд овардани хичир истифода мебаранд;
3. Зоти хари заводиро (қадаш 135— 160 см) низ асосан барои ба вуҷуд овардани хачир мепарваранд; харҳои шандунӣ (Хитои), пуатуягӣ (Франсия), каталонӣ (Испания) ва америкоӣ беҳтарин зотҳои ин гурӯханд. Харро чун ҳайвони саворӣ ва боркаш истифода мебаранд. Xар 18—20 сол умр мебинад.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …