Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ХАЧАТУРЯН Арам Илъич

ХАЧАТУРЯН Арам Илъич

ХАЧАТУРЯН Арам Илъич (6. 6. 1903, Тбилиси—1. 5. 1978, Москва), бастакори советӣ. дирижёр, Артисти Халқии СССР (1954), Қаҳрамони Меҳнати Социалистӣ (1973), академики Академияи Фанҳои РСС Арманистон (1963). Аъэои КПСС аз соли 1943.
Соли 1934 Консерваторияи Москваро хатм кардааст.
Барои асарҳои Xачатурян драматизми теззу тунд ва оркестровкаи олӣ хос аст. Дар балети монументалии «Спартак» (1954) маҳорати драматургии Xачатурян ҳаматарафа зоҳир шудааст. Триадаи консертӣ бо оркестр, консерт-рапсодия барои скрипка (1962), кон церт-рапсодия барои виолончел (1963), концертрапсодия барои фортепьяно бо оркестр (1968), маҳсули эҷодиёти солҳои 60 ва соната — фантазия барои виолончел (1974), «Соната-монолог» барои скрипка (1975) аз ҷумлаи асарҳои солҳои 70 Xачатурян мебошанд. Котиби Иттифоқи Бастакорони СССР (аз 1957). Депутати Совети Олии СССР (даъвати 5). Аъзои фахрии Академияи санъати як қатор мамлакатҳои хориҷӣ. Аъзои Комитети советии муҳофизати сулҳ. Лауреати Мукофоти Ленинӣ (1959), Мукофоти давлатии СССР (1941, 1943, 1946, 1950, 1971) ва Мукофоти давлатии РСС Арманистон (1966). Бо ордени Ленин, ордени Революция Октябр, ордени Байрақи Сурхи Меҳнат ва медалҳо мукофотонида шудааст.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …