Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Гай Плинин Секунд

Гай Плинин Секунд

bmst6xjlo3fe-plinii

ПЛИНИЙи Калон, Гай Плинин Секунд (23, 24, Комум, ҳозира Комо—79), нависанда, олим ва арбоби давлатии Рим. Дар музофотҳои тобеи Рим будаи Германия, Галлия, Испания ва Африка хизмат кардааст; дар Мизен фармондеҳи флот буд ва ҳангоми оташфишонии вулқони Везувий ҳалок гардид. Муаллифи «Таърихи табииёт» ном асарест, ки аз 37 китоб иборат аст. Ин асар як навъ энсиклопедияи донишҳои илмию табиатшиносии атиқа ба шумор. меравад. Маълумотҳоро оид ба астрономия, географияи табиӣ, метеорология, этнография, антропология, зоология, ботаника, хоҷагии қишлоқ ва ҷангал, тиб, минералогия, металлургия ва ғайра пайваста бо ҳикоятҳои фантастикӣ, ривоятҳои ҳурофотӣ, латифаву мутоибот дар бар мегирад. То асри 17 чун маъхази донишҳо дар бораи та- биат истифода мешуд. Таълифоти таърихии Плиний то замони мо нарасидаанд. Асарҳои таърихии Плинийро дар осори таърихиаш истифода намудааст.

Ад.: Лункевич В. В.. От Геранлита до Дарвина, т. 1, М., 1960.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …