Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / «ФУТУВВАТНОМА»

«ФУТУВВАТНОМА»

«ФУТУВВАТНОМА» асари шоири намоёни асри 12 Мавлоно Носируддини Сивосӣ мулаққаб ба Носирист, ки соли 1290 таълиф шудааст. Масъалаҳои рафтору гуфтор, хулқу атвор ва тартибу низоми пайравони футувватро шарҳ медиҳад. «Футувватнома» баъди «Футувватнома»-и Аттор яке аз мукаммалтарин манзумаҳост.
Носирӣ асарашро дар пайравли орифони бузург Ҷунайди Бағдодӣ, Абӯбакри Варроқ, Ибни Ҳорис ва дигар иншо кардааст. «Футувватнома» ҳамчун дастури ахлоқӣ барои ҷамъияти ҷавонмардон навишта шудааст. Он аз 882 байт иборат буда, дар баҳри рамал эҷод гардидааст.
Дар манзума шоир баробари шарҳи ҷузъҳои оини ҷавонмардӣ, ки дар тӯли қарнҳо дар байни мардуми Мовароуннаҳру Ҳуросон ва Осиёи Хурд маъмул буданд, маълумотҳои зиёди этнографиро низ гирд овардааст. Қ. Восеев.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …