«ФУТУҲОТИ ХОНӢ» асари таърихии Камолуддини Бинои, ки воқеаҳои замони Шайбонихон ва таърихи хонадони ӯро дар бар мегирад. Дар «Футуҳоти хонӣ» роҷеъ ба ҷангу ҷидол, забткориҳои Муҳаммади Шайбонӣ, вазъи давлатҳои Мовароуннаҳру Хуросон ва Эрону Озарбойҷон, задухӯрдҳои байниҳамдигарӣ ва кашмакашҳои дохилӣ, тарзи давлатдории Шайбониён, забти Бухоро ва ғайра баён шудааст. Муаллиф зимни тасвири воқеаҳои мазкур дар хусуси тарзи давлатдори, адлу дод ва дигар масъалаҳои ахлоқӣ ақидаҳои худро баён кардааст. Ин асар тақрибан байни солҳои 1504—10 ба забони тоҷикӣ навишта шудааст.
У. Назиров.
Tags асар
Инчунин кобед
САҚАНКӮР
САҚАНКӮР, нигаред Самандар.