Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ФУРҚАТ – Зокирҷон Холмуҳаммадов

ФУРҚАТ – Зокирҷон Холмуҳаммадов

ФУРҚАТ (тахаллус ном ва фамилия Зокирҷон Холмуҳаммадов; 1859, Қуқанд—1909, Ётжанд), шоир, мутафаккир ва публисисти ӯзбек. Дар мадрасаи Қӯқанд таҳсил намуда, забонҳои арабию форсӣ, назми классикии Шарқро омӯхтааст. Соли1889 ба Тошкент рафта, бо тахаллус «Фарҳат» шеър гуфтааст. Соли 1894 ба мамлакатҳои Осиёи Ҷанубӣ, нимҷазираи Балкан ва Ҳиндустон сафар кард ва оқибат дар Ёрканд (Қошғар, ҳозира раёни Синзяну Уйғури Ресспуликаи Халқии Хитой) аз таъқиби аъёну ашроф паноҳ бурд. Фурқат дар ғазалиёти ишқиаш қадри одамро баланд бардошта, суфиғарию дунёбезориро маҳкум кардааст. Дар шеърҳои ҳаҷвиаш ҳарисии аъёну ашроф, савдогарон ва рӯҳониёнро фош намудааст. Фурқат дар шеърҳое, ки мазмуни иҷтимоӣ доранд, аз рӯзгори душвори халқи меҳнаткаш ба андеша рафта, бенизомии тартиботи ҷамъиятиро мазаммат намудааст. Фурқат ҳамчун роҳбари ҳаракати маорифпарварӣ дар нашъунамои кишвар ва зиёиёни он чӣ аҳамият доштани маданияти русро таъкид кардааст. Ғояҳои маорифпарварии Фурқат ва ҳамфикрону пайравони ӯ дар инкишофи адабиёт, фалсафа ва педагогикаи ӯзбек ва мубориза ба муқобили урфу одатҳои манфури замони феодализм мақоми арзанда доранд. Фурқат яке аз асосгузорони журналистикаи ӯзбек ба шумор меравад. У чандин сол дар «Туркистон вилоятининг газети» («Газетаи вилоятии Туркистон», аз 1870 то 1917 чоп шудааст) ҳамкорӣ кардааст. Фурқат ба адабиёти классикии форс-тоҷик таваҷҷӯҳи зиёд дошт ва дар жанрҳои ин адабиёт асарҳо офаридааст. Боре ба Хуҷанд омада, бо Тошхӯҷаи Асирӣ вохӯрдааст. Ба забони тоҷикӣ низ шеър гуфтааст (масалан, ғазале дар радифи «нёст»), «Ҷор дарвеш» ва «Нӯҳманзар»-ро ба забони ӯэбекӣ тарҷума кардазст.
Осор: Избрание произведения, Ташкент, 1958.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …