Маълумоти охирин
Главная / Илм / ФАЛСАФАИ ҲАЁТ

ФАЛСАФАИ ҲАЁТ

ФАЛСАФАИ ҲАЁТ, равияи субъективию идеалистии фалсафаи буржуазии охири асри 19— аввали асри 20 дар Германия ва Франсия. Ба пандоиши он инкишофи биология, психология ва дигар илмҳо мусоидат намуд. Аввал мақсади ин ҷараён кӯшиши аз мавқеи идеалистӣ аз миён бардоштани материализми механикӣ буд. Вале моҳиятан он кризиси фалсафаи буржуазиро ифода мекард. Фалсафаи ҳаёт мафҳуми «ҳаёт»-ро воситаи ягонаи дарки ҳодисаҳои иҷтимоӣ эълон намуда, мафҳуми «воқеият»-ро бо мафҳуми «таҷрибаи ҳаёт» як медонад.

falsafa

Аз ин ру, «ҳаёт» омили ягонаест, ки гӯё воқеият ва таърихро иваз мекарда бошад. Фалсафаи ҳаёт тавассути эҳсос ва тафаккури мантиқӣ дарк шудани ҳаётро инкор карда, онро ба интуисия (ҳадс) вобаста медонад. Он ба ду равия ҷудо мешавад: равияи аввал тарафдорони Баргсонанд, ки ҳаётро аз мавқеи биологӣ маънидод мекунанд; равияи дуюм — Нисше, Дилтей, Зиммел онро ҳамчун ирода шарҳ дода, тамоми ғояҳоро ба иродаи фарди алоҳида ва ё гурӯҳи ҷамъият тобеъ менамоянд. Минбаъд ғояҳои асосии фалсафаи ҳаёт боиси пайдоиши равияҳои дигари фалсафаи буржуазӣ, аз қабили экзистенсиализм ва иррасионализм гардиданд.     С. Наврӯзов

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …