Маълумоти охирин
Главная / Илм / ЭЪТИДОЛИ ШАБУ РӮЗ

ЭЪТИДОЛИ ШАБУ РӮЗ

ЭЪТИДОЛИ ШАБУ РӮЗ, лаҳзаеет, ки дар он маркази қурси Офтоб ҳангоми ҳаракати зоҳирии солонааш аз руи эклиптика экватори осмониро мебурад. Дар рузҳои эътидол давомати рӯз дар тамоми Замин (ғайр аз ноҳияҳои наздиқутбӣ) ба давомати шаб тақрибан баробар аст. Дар натиҷаи рефракция ва нисбатан калон будани диаметри кунҷии Офтоб давомати руз ё шаб аз 12 соат ба якчанд дақиқа фарқ мекунаду бас. Нуқтае, ки дар он Офтоб ҳангоми ҳаракати худ аз Нимкураи ҷанубӣ ба Нимкураи шимолӣ экваторро мебурад, нуқтаи эътидоли баҳорӣ ва нуқтае, ки дар он Офтоб ҳангоми ҳаракати худ аз Нимкураи шимолӣ ба Нимкураи ҷанубӣ экваторро мебурад, нуқтаи эътидоли тирамоҳӣ номида мешавад. Азбаскӣ фосилаи вақти байни ду гузариши паёпаи Офтоб аз ҳамон як нуқтаи Э. ш. р. (соли тропикӣ) бо давомати солҳои тақвимӣ мувофиқат намекунад, лаҳзаҳои Э. ш. р. сол ба сол нисбат ба саршавии шаборузии тақвимӣ дигар мешавад. Лаҳзаҳои Э. ш. р. дар соли муқаррарӣ назар ба соли пешин 5 с 48 дақ 46 сон дертар ва дар соли кабиса ба 18 с 11 дақ 14 сон пештар ба вуқуъ мепайвандад; аз ин сабаб Э. ш. р. ба ду шаборузи паёпай рост омаданаш мумкин. Алҳол (нимаи дуюми а. 20) Офтоб аз нуқтаи эътидоли баҳорӣ 20 ва 21 март (ин лаҳза саршавии баҳорӣ астрономӣ дар Нимкураи шимолӣ ҳисоб мешавад) ва аз нуқтаи эътидоли тирамоҳӣ бошад 23 сент. (саршавии тирамоҳи астрономӣ дар Нимкураи ҷанубӣ) мегузарад; санаҳои додашуда аз руи солшумории нав ва оғози шаборуз бо вақти Москва дода шудаанд.

etidoli-shabu-ruz

Гиппарх (а. 2 то м.) муайян кард, ки нуқтаҳои Э. ш. р. дар тули эклипитка муқобили ҳаракати солонаи намоёни Офтоб оҳиста-оҳиста ҷой иваз мекунад. Ин ҷойивазкунӣ дар натиҷаи процессияи меҳвари чархзании Замин ба вуҷуд меояд ва давраш тақр. 26000 сол аст. С. 1737 Ҷ. Брадлей ҳодисаи нутацияи меҳвари Заминро кашф кард. Дар натиҷаи нутация нуқтаҳои Э. ш. р. нисбат ба мавқеи миёнаашон дар ҳар 18,6 сол як бор пурра мелаппанд (мавқеи миёнаи Э. ш. р. тавассути Б ҷойивазкунии процессиониашон муаиян карда мешавад). Ба тағйири мавқеи нуқтаҳои Э. ш. р. тағйири координатаҳои осмонии ҷирмҳо вобаастаанд. Дар феҳристи ситораҳо ҷои ситораҳо барои мавқеи муайяни нуқтаи эътидоли баҳорӣ ва даври такроршавии ин эътидол дода мешавад.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …