Главная / Илм / ЭЛЛИПСИС

ЭЛЛИПСИС

ЭЛЛИПСИС, эллипс (юн. elleipsis — афтидан, партофтан, нарасидани чизе), дар забоншиносӣ афтидани ягон ҷузъи нутқи хаттӣ ва даҳониро гуянд, ки онро аз матн ё мазмуни нутқ ба осонӣ барқарор кардан мумкин аст. Мас, дар муколамаи — «Шумо куҷо меравед?— Хона».— ба ҷои ҷумлаи «Манн ба хона меравам» танҳо як калима омадааст. Ё дар мисраи дуюми байти:

Гар ба масокин назаре мекунӣ,

Бар дили ман, к-аз ҳама мискинтар аст.

(Камоли Хуҷандӣ)

— «назар кун» афтодааст. Э. дар таркибҳои муайянкунанда-муайяншаванда низ мушоҳида мешавад, ки дар натиҷа калимаҳои алоҳидаи мустақил ба миён меоянд: «носазо» (ба ҷои «сухани носазо») «луғат» (ба ҷои «китобл луғат») ва ғ. Баъзан қисми якуми таркибҳои зикршуда, яъне муайяншаванда танҳо мемонад: «назм» (ба ҷои «назми шеър»), «дур» (ба ҷои «дури биҳиштӣ») ва ғ. Э. дар адабиёти бадеӣ  гуфтугу моҳияти услубӣ дошта, каломро муҷазу мавзун ва пуртаъсир мекунад.

 

В. Капранов.

Дар борамон Anonymous

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …