Маълумоти охирин
Главная / Техника / ЭЛЕКТРОПОЕЗД

ЭЛЕКТРОПОЕЗД

ЭЛЕКТРОПОЕЗД, як навъ поезди пассажиркашро гуянд, ки бо муҳаррикои электрикӣ кор мекунад. Асосан дар роҳи оҳани наздишаҳрӣ метрополитен истифода мешавад. Э . аз 4—.12 вагон .иборат аст. Вагонҳо муҳаррикдор ва бемуҳаррик мешаванд. Дар баъзе Э.-ҳо (мас., дар метрополитен) ҳамаи вагонҳо муҳаррик доранд. Вагонҳои канории Э. кабина ва пулти идоракунӣ доранд. Дар СССР Э.-и ЭР 200 сохта шудааст, ки аз 14 вагон (2-тоаш бемуҳаррик) иборат буда, 816 ҷои нишаст дорад, суръаташ ба 200 км/соат мерасад. Иқтидори муҳаррикҳои он ба 10320 кВт баробар аст. Дар Япония Э.-ҳое сохта шудаанд, ки суръаташон аз 200 км/с дхм бештар аст.

Инчунин кобед

vozdushno-kosmicheskiy-samolot-spaceshiptwo-01

САМОЛËТИ ҲАВОИЮ КАЙҲОНӢ

САМОЛËТИ ҲАВОИЮ КАЙҲОНӢ, аппарат париши реактивии идорашавандаи кайҳониро гӯянд, ки сатҳи баранда дорад ва бисёркарата …