Маълумоти охирин
Главная / Биология / ЭХИНОКОКК

ЭХИНОКОКК

ЭХИНОКОКК (Echinococcus granulosus) , як навъ тасмакирмро гуянд, ки ҳангоми болиғиаш дар рудаи саг, гург, шағол ва баъзан гурба паразитӣ мекунад. Дарозии баданаш 3—5 мм буда, аз cap ва 3—4 банд иборат аст (банди охир нисфи бадан аст); дар cap 4 ҷиҳози макканда ва 2 чанбари чангакчанок дорад. Тухми Э. бо ахлот аз организми ҳайвони сироятёфта берун мешавад.

echinococcus

Гов, гусфанд, хук, инчунин одам дар натиҷаи фуру бурдани тухми Э. сироят меёбанд; тухм ба руда меравад ва аз он кирмина — онкосфера мебарояд. Онкосфера аз девораи руда ба венаи даромадгоҳи ҷигар ворид гашта, тавассути хун ба узвҳо (ҷигар, баъзан шуш, мушак, устухон ва ғ.) паҳн мешавад. Ҳар як онкосфера ҳубобчаҳо ҳосил мекунад, ки дар девораи он боз 1 ё 2 ҳубобчаи дигар ба вуҷуд меояд. Ҳубобчаҳо хеле суст инкишоф ёфта, андозаашон калон мешавад. Ҷонварони дарранда (саг, гург, шағол, гурба) баъди хурдани ҳафвони бемор ё мурда, ки дар организмаш ҳубобчаҳои Э. мавҷуданд, сироят меёбанд. Э. дар одаму ҳайвон эхияококкозро ба вуҷуд меорад.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …