Маълумоти охирин
Главная / Без рубрики / Дарёи Мадейра

Дарёи Мадейра

ДАРЁИ МАДЕЙРА (Madeira), ин дарё дар Боливия ва Бразилия. Калонтарин шохоби рости дарёи Амазонка. Аа яхшавии дарёҳои Маморе ва Бени, ки аз кӯҳҳои Анд об мегиранд, ба вуҷуд омадааст. Тӯлаш 3230 километр, масоҳати ҳавзааш 1 158 ҳазор киломтери мураббаъ. Болообаш дар қисми шарқии паҳнкӯҳи Бразилия остонаю шаршараҳо дорад. Мадейра асосан пастии Амазонкаро бурида мегузарад.

Дарёи Мадейра

Дар мавсими боронгарӣ (аз октябр то май) обхезӣ мешавад. Сарфи оби ҷараёни поёнӣ 4200 метри мукааб/сон, ҳангоми обхезӣ ба 39000 метри муккаб/сон расида, сатҳи об то 12 метр баланд мешавад. Мадейра аз резишгоҳ то шаҳри Порту-Велю ба масофаи 1060 километр киштигард аст. Дар соҳилҳои Мадейра шаҳрҳои Порту-Велю, Умайта, Маннкоре воқеанд.

Инчунин кобед

tasbeh

ТАСБЕҲ

ТАСБЕҲ, субҳа (арабӣ—субҳоналлоҳ гуфтан, худоро ёд кардан), як шадда мӯҳраҳоро гӯянд, ки шахси тасбеҳгардон адади …