Маълумоти охирин
Главная / Биология / ЧАНГОЛАК

ЧАНГОЛАК

ЧАНГОЛАК, чиллагиёҳ, ч илладору (Thalictrum isopyroides), як навъ гиёҳи худруест аз оилаи чиноракиҳо. Пояаш камшоха (25— 50 см қад мекашад). Баргаш пармонанд, бештар дар буни поя месабзад. Гул ва тухмаш майда моҳҳои март-июл гул карда тухм мебандад). Одатан дар минтақаи алафзор, ҷангалзори гармсер (бештар дар пистазор), арчазор, даштҳои баландкӯҳ, нишебиҳои регӣ ва санглох ва ғ. (қ-кӯҳҳои Қурама, Туркистон, Зарафшон, Ҳисору Дарвоз, қ. Муғул, воҳаи д. Сир, мавзеъҳои Тоҷикистони Ҷанубӣ ва Шарқӣ, инчунин Помири Ғарбӣ; асосан 1000—2000, баъзан то 3000 м аз с. б.) мерӯяд.

changolak

Чанголак гиёҳи доруист. Табибони халқӣ «чой»-и баргу поя ва бехи Чанголакро барои табобати вараҷа, рагкашӣ, инчунин чун доруи пешоброн тавсия медиҳанд. Маълум кардаанд, ки баъзе хусусиятҳои давоии Чанголак ба алкалоиди таркибаш, алалхусус криптопии алоқаманд аст. Аз Чанголаке, ки дар мавзеи Кабудӣ (дараи Варзоб) месабзад, алкалоиди нав — кабудин дарёфт намудаанд. Алкалоиди бехи Чанголак 1—1,2% (60—70% -аш кабудин) аст. Омӯзиши фармакологии кабудин нишон дод, ки сулфати онро барои табобати ғалаёни хун (гипертония) истифода бурдан мумкин аст. Баъзе намакҳои дигари кабудин ҳам (мас., йодметилати кабудин) хусусияти давоӣ доранд.                              М. Ҳоҷиматов.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …